Манучеҳр Шарифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Манучеҳр Шарифзода
Таваллуд 20 май 1978(1978-05-20) (45 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо

Манучеҳр Шарифзода (Шарифзода Манучеҳр Муртазо; зод. 20 майи 1978, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — фарҳангӣ ва давлатмарди тоҷик, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театр.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарифзода Манучеҳр Муртазо 20 майи соли 1978 дар шаҳри Душанбе дар хонадони зиёӣ ба дунё омадааст[1]. Соли 2002 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро бо ихтисоси «иқтисодддон, менеҷер дар соҳаи иқтисод ва идоракунии муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ» ва соли 2019 магистратураи Донишгоҳи славянии РусивуТоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1994—1995 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси лаборант фаъолияти корияшро оғоз намуда, солҳо 1996—1997 намояндаи доимии ширкати туркии «Илк Умут» дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия, солҳои 1997—2002 дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсус ва мусиқии ба номи Малика Собирова ба ҳайси омӯзгор, солҳои 2002—2003 дар вазифаи муҳандиси дараҷаи аввали таъминоти моддию техникии Театри опера ва балет, солҳои 2003—2005 муовини директор дар бахши корҳои тарбиявӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби миёнаи махсуси ҷумҳуриявии санъати ба номи Миратулло Атоев», солҳои 2005—2015 сариқтисоддони Театри опера ва балет ва дар солҳои 2015—2020 директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон буд.

Аз 18 июни соли 2020 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[2][3].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва медали «Хидмати шоиста» (2018)[4] қадр шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шарифзода Манучеҳр Муртазо — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.(пайванди дастнорас)
  2. Таъиноти кадрӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (18 июни 2020). 9 феврали 2024 санҷида шуд.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода М. М.. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (18 июни 2020). 9 феврали 2024 санҷида шуд.
  4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (7 августи 2018). 9 феврали 2024 санҷида шуд.