Jump to content

Марио Пузо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марио Пузо
англ. Mario Puzo
Ном ба ҳангоми таваллуд: Марио Ҷанлуиҷӣ Пузо
Тахаллусҳо: Mario Cleri
Номи пурра Mario Gianluigi Puzo
Таърихи таваллуд: 15 октябр 1920(1920-10-15)
Зодгоҳ: Манҳэттен, Ню-Йорк, ИМА
Таърихи даргузашт: 2 июл 1999(1999-07-02) (78 сол)
Маҳалли даргузашт: Вест Бэй Шор, Ню-Йорк, ИМА
Шаҳрвандӣ:  ИМА
Навъи фаъолият: достоннавис, филмноманавис, рӯзноманигор
Солҳои эҷод: 1955 — 1999
Самт: филмноманависӣ, наср
Жанр: детектив
Забони осор: англисӣ
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
mariopuzo.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Марио Ҷанлуиҷӣ Пузо (англ. Mario Gianluigi Puzo, тав. 10 октябри соли 1920, Манҳэттен, Ню-Йорк, ИМА - тав. 2 июли соли 1999, Вест Бэй Шор, Ню-Йорк, ИМА) — нависанда, филмноманавис ва рӯзноманигори итолиётабори амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марио 15 октябри соли 1920 дар Ню-Йорк дар оилаи муҳоҷирони итолиёӣ таваллуд шудааст. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон, ӯ бо нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Осиёи Шарқӣ ва Олмон хидмат кардааст. Вай дар Мактаби Ню-Йорк оид ба таҳқиқоти иҷтимоӣ ва Донишгоҳи Колумбия таҳсил кардааст.

Тақрибан бист сол ӯ дар мақомоти давлатии ИМА дар Ню Йорк ва хориҷа кор кардааст. Аз соли 1963 ба сифати рӯзноманигори озод шурӯъ намуда, нависандаи касбӣ шуд.

Аввалин китоби Марио Пузо "Арсаи зулмот" соли 1955 аз чоп баромад. Ҳодисаи достон дар Олмон пас аз ҷанг рӯй додааст. Дар маркази рӯйдодҳо достони ишқи сарбози амрикоӣ Волтер Мосчӣ, ки мунтазири бозгашти қисми худ ба ИМА ва духтари олмонӣ Ҷелла мебошад. Достони навбатии "Саҳифаи хушбахтӣ", ки соли 1965 ба табъ расидааст, ба зиндагии сахти муҳоҷирони итолиёӣ дар Иёлоти Муттаҳида дар давраи Депрессияи Бузург бахшида шудааст. Дар Русия ин ду китоби Марио Пузо бори аввал дар солҳои 90-ум нашр шудаанд.

Романи "Падари рӯҳонӣ", ки соли 1969 нашр шудааст, дар бораи решаҳо ва қонунҳои шарафи мафияи Италия, фасод, зӯроварӣ ва гангстери ашроф Дон Корлеоне ба ӯ эътирофи васеъ овард. Роман дар солҳои 70-ум бестселлер шуд. Соли 1972 дар асоси асари Марио Пузо кинорежиссёр Фрэнсис Форд Коппола филми ҳамномро ба навор гирифт, ки филмномаи онро худи Пузо навиштааст.

Соли 1978 филми "Супермен" дар паҳнкунии филмҳои ҷаҳонӣ баромад, ки қисми аввалини квадрологияи классикӣ дар бораи Супермен мебошад. Сенарияи филмро Марио Пузо навиштааст.

Соли 1980 қисми дуюми квадрологияи "Супермен 2" баромад, ки сенарияи онро Марио Пузо низ навиштааст.

2 июли соли 1999, дар синни 79-солагӣ дар хонаи худ дар Бей Шор, Лонг Айленд, аз бемории қалб фавтид.

Романи Марио Пузо "Омерта" соли 2000 пас аз марги муаллиф нашр шуд, охирин романи "Оила" (нашри 2001) аз ҷониби Карол Гино, бевазани нависанда ба итмом расид.

Қиссаҳои хурд

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • "The Last Christmas" (1950)
  • "John 'Red' Marston's Island of Delight" (1964)
  • "Big Mike's Wild Young Sister-in-law" (1964)
  • "The Six Million Killer Sharks That Terrorize Our Shores" (1966)
  • "Trapped Girls in the Riviera's Flesh Casino" (1967)
  • "The Unkillable Six" (1967)
  • "Girls of Pleasure Penthouse" (1968)
  • "Order Lucy For Tonight" (1968)
  • "12 Barracks of Wild Blondes" (1968)
  • "Charlie Reese's Amazing Escape from a Russian Death Camp" (1969)

Филмномаҳо ва рӯинаворбарори филмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Видеобозиҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]