Мария Гёпперт-Майер
олмонӣ: Maria Göppert-Mayer | |
Таърихи таваллуд | 28 июн 1906[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 феврал 1972[1][2][3][…] (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик[5], физики ҳастаӣ[d][6], radioactivity[d][6], механикаи квантӣ[6], физики назарӣ[d][6], шимии физик[d][6], photochemistry[d][6] ва statistical mechanics[d][6] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Макс Борн |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мари́я Гё́пперт-Ма́йер (олмонӣ: Maria Göppert-Mayer; 28 июни 1906, Котувитс, Имперотурии Олмон — 20 феврали 1972, Сан-Диего, ИМА) — физикдони амрикоӣ, узви АИ миллии Амрико.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Гёттинген (Олмон). Аз соли 1930 то охири умр дар ИМА зиндагӣ дошт. Дар донишгоҳҳои Ҷ. Гопкинс (1931-39) ва Колумбия (1939-46), Лабораторияи миллии Аргон (1946-60) кор кардааст. Проф. Институти таҳқиқоти ҳастаи ба номи Э. Ферми дар Чикаго (1946—1959), аз соли 1960 профессор Донишгоҳи Калифорния дар Беркли. Дар соҳаҳои физикаи молекулавӣ, механикаи квантӣ, назарияи панҷараи кристаллӣ, механикаи оморӣ, физикаи ҳаста, кимиёи физикавӣ таҳқиқот анҷом додааст. Ҳодисаҳои фурӯбурди дуфотонии рӯшноӣ (1931), бета-коҳиши дучандаро пешгӯӣ ва назарияи онро таҳия намудааст (1935). Тасаввурот дар бораи алоқаи спин-мадориро ба илм ворид кардааст (1949). Ҳамзамон бо Х. Йенсен модели ҷилди ҳастаи атомро сохта (1951), барои ин кашфиёт сазовори мукофоти Нобел гардидааст (1963). Баъди вафоти Мария Гёпперт-Майер Ҷамъияти физикҳои Амрико бо номи ӯ мукофоти илмӣ таъсис додааст, ки ба занҳо — олимони соҳаи физика дода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=11343 (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Гёпперт-Майер Мария // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Ogilvie M. B. The Biographical Dictionary of Women in Science (ингл.): Pioneering Lives From Ancient Times to the Mid-20th Century — Routledge, 2003. — Vol. 1. — P. 510. — 798 p. — ISBN 978-1-135-96342-2
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 6.4 6.5 6.6 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 7.5 https://history.aip.org/phn/11604031.html
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гёпперт-Майер Мария // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 июн
- Зодагони соли 1906
- Даргузаштагони 20 феврал
- Даргузаштагони соли 1972
- Даргузаштагони Сан Диего
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Занон - барандагони ҷоизаи Нобел
- Занон - олимони асри XX