Масрур Абдуллозода
Абдуллозода Масрур Аҳмад | |
|---|---|
| Абдуллоев Масрур Аҳмадович | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 7 июн 1966 (59 сол) |
| Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | журналистика, филология |
| Ҷойҳои кор |
Академияи илмҳои Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
| Ҷоизаҳо |
Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2009) Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014) Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ дар самти пажӯҳиши илмӣ (2015) Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016) Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2019) медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2019). |
Абдуллозода Масрур Аҳмад (Абдуллоев Масрур Аҳмадович; зод. 7 июн 1966, Душанбе) — омӯзгор, рӯзноманигор ва донишманди тоҷик, доктори илмҳои филология[1], профессор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1991).[2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Масрур Абдуллоев 7 июни 1966 дар шаҳри Душанбе дар хонадони адабиётшиноси тоҷик Аҳмад Абдуллоев ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи № 66 шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети «Забонҳои Шарқ»-и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1990 ба итмом расонидааст.
Солҳои 1984—1986 дар сафи артиши шӯравӣ, дар вилояти Архангелски Федератсияи Русия адои хидмат намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғоз аз соли 1990 дар муассисаҳои гуногун ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аспирант ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, саромӯзгор, мудири кафедраи таърих ва назарияи рӯзноманигорӣ ва ВАО-и электронӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия, профессори кафедраи рӯзноманигории ватанӣ ва байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия ифои вазифа намудааст.
Дар солҳои 2017—2025 мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо буд[3][4].
Аз 3 ноябри соли 2025 мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин карда шудааст[5].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1996 дар мавзӯи «Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар осори адабиётшиносии Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ, ва соли 2011 дар мавзӯи «Масъалаҳои таҳаввули ҳувияти миллӣ дар публитсистикаи тоҷикии чаҳоряки охири асри XIX ва нимаи аввали асри XX» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2022 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба ӯ унвони профессорӣ аз рӯйи ихтисоси «Медиакоммуникатсия ва журналистика» дода шудааст.
То ҳол таҳти роҳбарии илмии ӯ панҷ нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва таҳти мушовараи илмияш чаҳор нафар унвонҷӯ рисолаҳои доктории худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз чаҳорсад асарҳои илмӣ, илмӣ публитсистӣ ва дарсӣ мебошад.
Монографияҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Идеи национального самосознания в таджикской публицистике эпохи просветительства. — Душанбе: РТСУ, 2010—112 с.
- Таджикская публицистика и национальная идентичность (посл. четверть XIX -первая половина ХХ веков). — Душанбе: РТСУ, 2010—309 с.
- Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият. — Душанбе: ДМТ, 2020. — 346 с. (бо ҳамқаламӣ)
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Основы теории журналистики: учебное пособие по курсу «Основы теории журналистики» для студентов 1 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2014—152 с.
- Информационная безопасность и СМИ: учебное пособие по дисциплине «Информационная безопасность и СМИ», для студентов 4 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2016. — 165 с. (в соавторстве)
- История таджикской публицистики (с раннего средневековья до первой половины ХХ века): учебное пособие по дисциплине «Таджикско-персидская публицистика» для студентов 3 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2017. — 170 с.
- Жанровые особенности современных таджикских печатных и электронных СМИ (2000—2016 гг.): учебное пособие для студентов отделения журналистики РТСУ. — Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2017. — 270 с. (в соавторстве).
- Средства массовой информации арабских стран: учебное пособие для студентов отделения журналистики РТСУ. — Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2019. — 156 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2009);
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014);
- Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар самти пажӯҳиши илмӣ (2015);
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016);
- Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019);
- Медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2019).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Редколлегия. old.rtsu.tj. 16 май 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Состав кафедры(пайванди дастнорас)
- ↑ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-918 аз 1 августи соли 2017. Президенти Тоҷикистон (1 августи 2017). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-901 аз 3 ноябри соли 2025. Президенти Тоҷикистон (3 ноябри 2025). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-902 аз 3 ноябри соли 2025. ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Президенти Тоҷикистон (3 ноябри 2025). 8 Январ 2026 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллоев Масрур Аҳмадович // Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI. Ҷилди 1 (a). — Д.: СИЭМТ, 2018. — С. 74—75. — 768 с. — ISBN 978-99947-33-70-5.
- Российско-Таджикский (славянский) университет (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — С. 44—51, 141.
- Зодагони 7 июн
- Зодагони соли 1966
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон