Мақомҳои хоразмӣ
Мақомҳои хоразмӣ - маъмӯи мақомеро гӯянд, ки аз лиҳози сохт, таркибот, сохттори усул, авзонии доира, таронаву оҳангӣ дар заминаи анъаноти эҷодию иҷроии «Шашмақом» (мақомҳои Бухоро) таҳия ва тадвин шудааст.
То нимаи аввали садаи 19 дар анъаноти эҷодию иҷроии Хоразм намуна, қаринаҳои гуногуни оҳангу таронаҳои силсилавии мураккабсохт вуҷуд доштанд, ки баъдан сарояндагону ромишгарон, мусаннифони ҳирфаии мардумӣ ба маҷмӯи мустақили мақомҳо вориду танзим намуданд. Дар гирдоварӣ, таҳия, танзими оҳангу таронаҳои мақом таркиботи он ҳавзаи эҷодию иҷроии Хоразм шоир, мутриб, до-нандаи саршиноси анъаноти мақомҳо Ниёзҷон-хоҷа хидмати мондагор намудааст. Ӯ охири садаи 18 ба Бухоро омада, анъаноти эҷодию иҷроии Бухоро, хоса «Шашмақом»-ро омӯхта, баъди муддати таҳсилу ҳунарандӯзӣ ба Хоразм бармегардад, қаринаи мақомҳои хоразмиро таҳия менамояд. Ниёзҷонхоҷа дар сохттори созию овозии (мушкилот, наср) «Шашмақом»-и Бухоро вобаста ба сабки иҷроӣ (шеваи маҳаллӣ), истифодаи равияи хоси эҷодии мутрибони таҳҷоӣ ба сохттори ма-қомҳо тағйирот ворид намуд ва таҳия кард. Ин кори ӯро шогирдонаш Комили Хоразмӣ, Фирӯз (Муҳаммадраҳимхони дуввум), Мӯҳркан ва дигарон дар ин замина корҳои зиёди ҳунарӣ анҷом медиҳанд.
Ибтидои асоли 19 ба анъанаи эҷодию иҷроии ҳавзаи ҳунарии Хоразм мақом ва мақомхонӣ бо сабк шеваи хоси ҳунарварӣ рӯи кор меояд ва роиҷ мешавад. Зимни ин дар иртибот ба мақомҳо ман-зумаю баёз, рисолаҳои хоса мараттаб мешавад ва навиштаи арзишманди Матюсуф Харротов (Мул-ло Бекҷон ӯғлӣ, Муҳаммад Юсуф Девонзода 1889-1952) «Хоразм мусиқий таърихчаси» (Таърихчаи мусиқии Хоразм, Москва, 1925, бо ҳамкории Б. Раҳмонов, ба хуруфоти форсӣ) аз аввалин таълифоти ҷиддӣ оид ба мақомҳои хоразмист. Мақомҳои хоразмӣ дар маҷмӯъ аз 6-мақом («Рост», «Бузург», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ») то ба имрӯз расида ва иҷро мешаванд. Мақомҳои хоразмӣ чун «Шашмақом» маҷмӯи мустақил аз қисмҳои созию овозӣ («чертим йӯлӣ» – роҳи навозиш, созӣ, «айтим йӯлӣ» – роҳи овозӣ) таркиб ёфтаанд. Шохаи созӣ аз бахшҳои асосии – тарҷеъ, пешрав, мухаммас, сақил ва уфар иборат буда, ҳар кадом аз ин таркибҳо дар алоҳида сурат мегиранд. Агар дар қисми созӣ тани мақом (асосӣ) ва уфар (дар ҳар мақом) ҳар яке як бор оянд, дигар миёни мақом (пешрав, мухаммас, сақил) 2-3 борӣ меоянд. Қисми созӣ бо роҳи якканавозӣ (такнавозӣ) ва дастаҷамъӣ, гурӯҳӣ (ансамблӣ) иҷро мешавад. Дар Мақомҳои хоразмӣ. ҳам сози асосии якканавозӣ танбӯр буда, созҳои дутор, най, сурно ва ғ. иштирок менамоянд. Дар сабки ҷӯрнавозӣ аз созҳои танбӯр, дутор, най, буламан (созӣ нафасӣ), қӯшнай (ҷуфтнай), ғижак, чанг, доира (даф) ва ғ. истифода мешаванд. Мутрибони хоразмӣ ба М.Х. дар таҷрибаи эҷодию иҷроияшон мақоми 7-ум «Панҷгоҳ»-ро зам намуда ва он танҳо аз шохаи созӣ таркиб ёфта, дар заминаи мақоми «Рост» (қисми созӣ) мураттаб шудааст. Чун «Панҷгоҳ» танҳо аз шохаҳои созӣ иборат аст, аҳли мусиқии Хоразм ниммақом мегӯянд. Дар шохаи овозӣ (айтим йӯлӣ) тани мақом, талқин, наср, шуъбаҳои асосӣ буда, ба таркиби онҳо тарона, сувора, нақш, фарёд, уфар дохил мешаванд. Дар анъанаи иҷроии Мақомҳои хоразмӣ ибтидо аз ашъори шуарои форс-тоҷик (Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва диг.) истифода шуда, баъдтар бар матни ашъори суханварони туркизабон (Навоӣ, Фузулӣ, Ҳувайдо, Саккокӣ, Мунис, Огаҳӣ ва диг.) месароянд. Мақомҳои хоразмӣ аз «Шашмақом» каме тафовут дошта, дар он мақоми якум «Рост» ва дуввум – «Бузург». Зимни ин дар Мақомҳои хоразмӣ шохаҳои чанд амал доранд, ки мусанифашон мусиқидонони Хоразмист (мас., «Мураббаи Комил», «Мураббаи Рости Мирзо», «Сақили Ниёзҷонхоҷа», «Сақили Фирӯзшоҳӣ» ва ғайра). Ба Мақомҳои хоразмӣ ҳамчунин истилиҳоти форсии тоҷикии «Шашмақом» бидуни тағйир барҷост (пешрав, тарона, уфар, супориш, хона, бозгӯй, муқаддима, миёнхат, даромад, сарахбор, тани мақом, савора (сувора) ва ғайра).
Ин далели он аст, ки Мақомҳои хоразмӣ қаринаи такмилу таҷдидшудаи «Шашмақом» бо истифодаи ва-сеи анъаноти эҷодию иҷроии ҳавзаи ҳунарии Хоразм аст. Мақомҳои хоразмӣро мусиқидони пурҳунар. Комили Хоразмӣ дар «Нақшаи танбӯри хоразмӣ» (табалатураи танбӯр) ва баъдтар писараш Муҳам-мад Расул Мирзобошӣ пурра сабт намудаанд (1886). Дар иртибот ба таҳаввул ва рушди анъаноти хоси эҷодию иҷроии Мақомҳои хоразмӣ мусиқидонон В.Успенский, В. Беляев, И.Акбаров, М.Юсупов, О.Матёқубов, Ю. Кон, И.Раҷабов, Ф.Кароматов ва диг. корҳои таҳқиқӣ анҷом додаанд. Мақомҳои хоразмӣ соли (1958) дар шакли комил сабту нашр шудааст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. - Тош, 1963;
- Матякубов О. Хорезмские макомы // Проблемы музыкальной науки в Узбекистане, Таш., 1973 // ва ғ.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - соли 136 ISBN 978-99947-49-13-3