Бортолди Феликс Менделсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Менделсон Бортолди Феликс)
Jump to navigation Jump to search
Бортолди Феликс Менделсон
Felix Mendelssohn Bartholdy
Felix Mendelssohn Bartholdy.jpg
Иттилооти асосӣ
Санаи таваллуд

3 феврал 1809(1809-02-03)[1][2][…]

Зодгоҳ
Санаи марг

4 ноябр 1847(1847-11-04)[1][2][…] (38 сол)

Маҳалли марг
Солҳои фаъолият

1826 — то ҳол

Кишвар
Касб(ҳо)

оҳангсоз, пиёнунавоз, organist, роҳбари мусиқӣ, мусиқидон, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, профессори донишгоҳ

Асбоб

Арғунун ва фортепиано

Сабк

опера, мусиқии клоссик[d] ва Мусиқии симфонӣ

Ҷоизаҳо
Pour le Mérite Pour le Mérite for Sciences and Arts
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор

Менделсон Бортолди Феликс (1809-1847) — композитори барҷастаи олмонӣ, пианинавоз, дирижёр, омӯзгор.

Зиндагинома[вироиш]

Менделсон аз 9-солагӣ чун пианинавоз дар саҳнаҳои консертӣ баромад кардааст ва дар ҳамин синусол эҷоди нахустин асараш оғоз ёфтааст. Дар сини 17-солагӣ яке аз асарҳои машҳури худ – увертюра ба комедияи Шекспир «Хоб дар шаби тобистон»-ро офарид. Ҳамчунин дар ҳамин давра миқдори зиёди асарҳояш пайдо шуданд: квартетҳо, симфонияҳо, пиесаҳои фортепианӣ. Дар мероси композитор силсилаи минётураҳои фортепиании «Сурудҳои бе матн» мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, онҳо ба гунаи хелҳои махсуси «Романсҳои созӣ» мебошанд. Ба мусиқии симфонии офаридаи Менделсон – 5 симфония (беҳтаринашон «Шотландӣ» ва «Итолиёвӣ»), якчанд увертюра («Мағораи фингалӣ», «Рюи Блаз» ва ғ.), ҳамчунин ораторияҳо (аз он ҷумла барои скрипка) дохиланд. Менделсон муаллифи зиёда аз 20 ансамбли камеравӣ-созӣ, қариб 60 ансамбли вокалӣ, пиесаҳо барои созҳои гуногун, зиёда аз 80 суруд барои овоз бо фортепиано, хорҳо ва ғ. мебошад. Дар таърихи мусиқии Олмон Менделсон ҳамчун асосгузори аввалин консерватория дар Олмон (Лейпсиг, с. 1843) мебошад. Менделсон солҳои зиёд консертҳои симфонии Гевандхаузро дар Лейпсиг роҳбарӣ кард, чандин бор чун дирижёр дар бисёр мамлакатҳои Аврупо баромад кардааст. [5]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  2. 2.0 2.1 Felix Mendelssohn-Bartholdy
  3. 3.0 3.1 Encyclopædia Britannica
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118580779 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  5. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.228. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)