Мервин Леонард Голдбергер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мервин Леонард Голдбергер
Marvin Goldberger 1978.png
Таърихи таваллуд: 22 октябр 1922(1922-10-22)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 ноябр 2014(2014-11-26) (92 сол) ё 24 ноябр 2014(2014-11-24)[2] (92 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: физики назарӣ[d]
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Энрику Фермӣ
Ҷоизаҳо:

Мервин Леонард Голдбергер (англ. Marvin Leonard Goldberger; 22 октябр 1922[1], Чикаго, Иллинойс26 ноябр 2014 ё 24 ноябр 2014[2], La Jolla[d], Калифорния) — физикдони назарии амрикоӣ; узви АИ миллии ИМА (1963).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти технологии Карнеги (1943). Солҳои 1950—1957 дар Донишгоҳи Чикаго кор кардааст (аз 1955 проф). Аз 1957 проф. Донишгоҳи Принстон. Дар соҳаи физикаи ҳаста, назарияи бархӯрдҳо, назарияи квантии майдон, назарияи зарраҳои бунёдӣ, физикаи энергияҳои баланд таҳқиқот анҷом додааст. Соли 1948 назарияи таъсири мутақобилаи нейтронҳоро бо энергияи ~100 МэВ бо ҳастаҳои вазнин инкишоф додааст; дар ҳамкорӣ бо М. Гелл-Ман яке аз таърифҳои назарияи пароканиши расмиро пешниҳод кардааст (1953), бо Гелл-Ман ва В. Трининг (1954) усули таносубҳои дисперсиявиро дар назарияи квантии майдон таҳия, пароканиши мезонҳоро дар нуклонҳо дар ҳудуди энергияи хурд, теоремаи умумиро барои равандҳои мезонӣ бо тағйироти куллии импулсҳо таҳқиқ намудааст; соли 1957 Мервин Леонард Голдбергер таносуби, ба истилоҳ, симметрияи чилликӣ ё «кроссинг-симметрия»-ро ворид кард. Дорандаи ҷоизаи ба номи Д. Хейнеман (1962).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 SNAC (ингл.) — 2010.
  2. 2.0 2.1 Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]