Сафармуҳаммад Рустам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сафармуҳаммад
Номи пурра Қодирӣ Сафармуҳаммади Баҳром
Таърихи таваллуд 13 июл 1996(1996-07-13) (24 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп

Сафармуҳаммад Рустам (Қодирӣ Сафармуҳаммади Баҳром; 13 июли 1996, ноҳияи Ховалинг) — овозхони мусиқии попи тоҷикӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Сафармуҳаммад Рустам 13 июли соли 1996 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст. Сафармуҳаммад аз синни хурдӣ ба суруд хондан завқи баланд дошт ва дар овони мактабӣ бо хоҳараш Меҳрнигори Рустам дуэте дар бораи хониши аъло сароидааст. Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Душанбе ва риштаи дипломатияи Донишгоҳи Пекин аст. Падараш Баҳром Қодиров мутриби ансамбли «Дарё» соҳиби унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ҳастанд. Модараш Адибаи Рустам қаблан санъаткор буданд. Хоҳараш Меҳрнигори Рустам низ овозхони шинохта мебошад. Бобояш Рустами Абдураҳим (05.05.1938 — 25.10.1992) мутриби маъруф, дорандаи унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» буд.

Эҷодиёт[вироиш]

Соли 2017 дар озмуни байналмилалии «Silk Way Star» («Ситораи Роҳи Абрешим»), ки дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

«Ситораи Роҳи Абрешим»[вироиш]

Дар озмун овозхонҳо аз 9 кишвари тӯли «Роҳи Абрешим» — Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Тотористон, Бошқирдистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия иштирок карданд. Озмун иборат аз 12 давр буд ва шарти ширкат дар озмуни «Silk Way Star» ин буд, ки довталабон бояд тавони иҷрои тарона бо забонҳои гуногунро дошта бошанд. Сафармуҳаммад чунин сурудҳоро дар озмун иҷро намуд:

Даврҳо Номи суруд Бо тоҷикӣ Бо ҳамроҳии Тарона аз
1 Шаби боронӣ суруд: Зафар Абдуалимов

оҳанг: Меҳрнигори Рустам матн: Орзу Исо

2 Қайтесің өзгені (Kaitesin özgeni) Куҷоӣ Бейбит Қушқалиев
3 All of me Ҷон Легенд
4 Суранамын кечир мени Мирбек Атабеков
5 Әке арманы Нуржан Керменбаев
6 A whole new world Бред Кейн ва Леа Салонга
7 Ватан Тобиш Ҳилолӣ
8 Бір адам gr. Turkiss оҳанг: С.Бақытжан

матн: Д.Шеңгелбаев

9 Bile
10 Impossible Ҷеймс Артур
11 Шабҳо суруд: Сафармуҳаммад Рустам

матн: Орзу Исо

12 Қалъабандӣ Парвин Юсуфӣ суруд: Акашариф Ҷӯраев

матн: Мирзо Абдулқодири Бедил

Пайвандҳо[вироиш]