Минтақаи муҳофизати махсус
Минтақаи муҳофизати махсус - қисми фазои табиие (замин, қаъри вай, об), ки бо мақсади огоҳ кардан аз зиёнрасонии фаъолияти хоҷагй ва дигар қувваҳои офатҳои табиӣ аз тарафи қонунгузорӣ минтақаҳои муҳофизати махсус ҳисоб карда мешавад.[1]
Масалан, Минтақаи муҳофизати махсус, мавзеъҳои табиӣи Боғи миллии Тоҷикистон, Чилдухтарон (кӯҳ), Искандаркӯл, кӯли Сарез, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайраҳо. Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд.
Барои танзими раванди ҳифз ва истифодаи мероси табиӣ дар ҷумҳурӣ Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва якчанд мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда вуҷуд доранд.
Дар Тоҷикистон ҳоло мамнўъгоҳҳои зерин:
- Бешаи палангон (масоҳаташ 49700 га),
- Ромит (масоҳаташ - 16200 га),
- Даштиҷум (масоҳаташ -19700 га),
- Зоркӯл (масоҳаташ - 87700 га)
ва парваришгоҳҳо дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 274
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |