Мирзошоҳрух Асрорӣ
| |
1 декабр 2006 — 21 ноябр 2013 | |
Пешгузашта | Раҷабмад Амиров |
Ҷонишин | Орумбекзода Шамсиддин Шодибек |
|
|
Таваллуд |
20 август 1953 (71 сол) |
Мирзошоҳрух Асроров (зод. 20 август 1953, ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд) — давлатмарди тоҷик, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006—2013), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2018).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзошоҳрух Асроров 20 августи соли 1953 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи шаҳри Тошкандтро бо ихтисоси журналист-сиёсатшинос хатм намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кориашро баъди хатми Донишгоҳ соли 1975 ба ҳайси тарҷумон дар давлати Афғонистон оғоз карда, солҳои 1980—1986 котиби кумитаи ВЛКСМ дар қисми низомӣ, корманди масъули Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1986—1997 ба сифати сармуҳаррир, директори радиои Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, сардори Раёсат, мушовир, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2003—2006 сардори Идораи фарҳанги шаҳрдории Душанбе, солҳои 2006—2013 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Хидмати шоиста» ва унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2018)[1] қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Указ Президента Республики Таджикистан от 7 августа 2018 года № 1080 «О награждении сотрудников сфер науки и культуры, производства товаров и услуг, местных органов государственной власти, других государственных служащих и частных предпринимателей государственными наградами Республики Таджикистан».