Мирзошо Ватаншоев
Мирзошо Ватаншоев | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 8 июн 1948 (72 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Зуворак, ноҳияи Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Ифтихорномаи Сафорати СССР дар Афғонистон (1983) медали «Хизмати шоиста» |
Мирзошо Ватаншоев (тав. 8 июни 1948, деҳаи Зуворак, ноҳияи Шуғнон) — рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.
Зиндагинома[вироиш]
Мирзошо Ватаншоев мактаб-интернати қишлоқи Мун ва солҳои 1965—1970 шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ муддате дар ҳамин даргоҳ кор мекунад. Солҳои 1970—1972 тарҷумони забони форсӣ-русӣ дар Эрон буд.
Фаъолияти рӯзноманигориаш дар Саридораи ахбор ва баъдан дар Саридораи саноату сохтмони Кумитаи телевизон ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст.
Ба сифати тарҷумони забони дарӣ дар Шӯрои Вазирони Афғонистон, Вазири плангузорӣ, кумитаи омор, Вазорати молия ва бонки марказии Афғонистон (1979—1983) ифои вазифа карда, ҳамроҳи мутахассисон дар таҳияи нақшаҳои ин давлат саҳм гузоштааст.
Дар шуъбаи дарӣ, шуъбаи форсии бахши Бурунмарзи радиои тоҷик аввал чун тарҷумон ва баъд ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи бахшҳо (1983—2010) идомаи фаъолият доштааст.
Аз соли 2010 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун корманди пешбар кор мекунад.
Эҷодиёт[вироиш]
Мирзошо Ватаншоев нависандаи соҳибқалам, тарҷумони варзида ва муҳарири нуктасанҷ буда, очерк дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М. Тошмуҳамадов (дар маҷмӯаи «Нахустгенерали тоҷик», 1999), китобҳои «Қиссаи роҳ» (2007) «Сарбози меҳан», «Тавлиди меҳр», «Нодир», «Бадахшони ман» маҳсули қалами ӯ ҳастанд.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Бо ифтихорномаи Сафорати СССР дар Афғонистон (1983) ва медали «Хизмати шоиста» қадр шудааст.
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
- Энсиклопедияи Бадахшон. — Д.: «Андалеб Р», 2016. — C. 86—87. — 472 с. — ISBN 978-99975-50-36-1
Пайвандҳо[вироиш]
- Саҳифаи расмии Мирзошо Ватаншоев дар шабакаи иҷтимоии Facebook
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 8 июн
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шуғнон
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони асри XXI
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XXI
- Тарҷумонҳо аз рӯи алифбо
- Тарҷумонҳои Тоҷикистон
- Тарҷумонҳои асри XXI
- Адибон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо