Равшан Замир
Мирзоғанӣ Валиев | |
Таърихи таваллуд: | 23 январ 1948 (76 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ғафуров |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ |
Равшан Замир (зод. Хуҷанд) — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Равшан Замир (Валиев Мирзоғанӣ) 23 январи соли 1948 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи №15 ноҳия мебошад. Аз хурдӣ ба табиат муҳаббати зиёде дошта, баъди хатми мактаби миёна, соли 1966 вориди факултаи фанҳои табиатшиносии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров ва соли 1971 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Аз моҳи ноябри соли 1971 то ноябри 1972 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат ва бо рӯзномаи Округи ҳарбии Забайкалйе «На боевом посту» ҳамкорӣ кардааст. Солҳои 1973-1974 хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вилояти Ленинобод, аз январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, аз соли 1980 то июни 1992 сармуҳаррири он будааст. Моҳи июни 1992 ба шуъбаи матбуоти Ҳукумати вилоят ба кор гузашта, баъдан дар вазифаҳои сардори Маркази матбуоти Ҳукумати вилоят ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ фаъолият бурдааст. Аз феврали 1996 корманди рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», ҳамзамон, аз феврали 2004 то 2009, хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» дар вилояти Суғд будааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳикояву таронаҳои Равшан Замир дар китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» интишор ёфтаанд. Қиссаи «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст. «Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки баъди сафарҳояш ба Арабистони Саудӣ навишта шудаанд. Китобҳои «Ҳамнаво бо субҳ», «Чархи гардон», «Ситораи сапедадам», «Сафои субҳи умед», «Офтоби дили падар», «Нақш дар оинаи дил», «Роҳ ба водии рӯшан», «Уқобони парвозӣ», «Машъал дар зулмоти рӯз», «Поктар аз домони субҳ» ва «Коргоҳи шуҳратёр» (ҳамроҳи М.Хоҷазод) аз офаридаҳои дигари ӯстанд. Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёт ва рӯзноманигорӣ ба дарёфти Нишони «Сухан», Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил ва Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ мушарраф гардидааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии телевизион ва радиои СССР;
- Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Нишони «Сухан»;
- Ҷоизаи ба номи Раҳим Ҷалил;
- Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.86-87 ISBN 978-99947-2-379-9
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 23 январ
- Зодагони соли 1948
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ғафуров
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон