Jump to content

Мирзо Довуд Ҳусейнов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Довуд Ҳусейнов
Mirzə Davud Bağır oğlu Hüseynov
феврали 1930 — 25 декабри 1933
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Григорий Исаакович Бройдо
парчам
Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶФШСЗ
январ — июли 1923
парчам
Комиссари халқии молиявии ҶФШСЗ
январи 1923 — ноябри 1929
май — декабри 1921
Пешгузашта Нариман Нариманов
28 апрели 1920 — майи 1921
Пешгузашта Тевадорос Мирзобекиён
Ҷонишин Алисаттор Ибрагимов
12 феврал — 23 июли 1920
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Виктор Иванович Нанейшвилӣ

Таваллуд 1894(1894)
Даргузашт 21 март 1938(1938-03-21) (44 сол)
Мадфан
Ҳамсар Tamara xanım Xoyskaya[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор
Лавҳаи ёдгори дар ш. Боку, дар биное ки Мирзо Довуд Ҳусейнов зиндагӣ мекард

Мирзо Довуд Боқир оғлӣ Ҳусейнов (озарбойҷонӣ: Mirzə Davud Bağır oğlu Hüseynov; марти 1894, Баку — 21 марти 1938) — ходими ҳизби ва давлатии озарбойҷонӣ, солҳои 1930-1933 роҳбари дараҷаи аввали ҷумҳурӣ -Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон.[1], Комиссари халқии молияи ҶШС Озарбойҷон ва ҶШФСЗ, Раиси Президиуми КМ ҲК ҶШС Озарбойҷон (1920), Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶШС Озарбойҷон (1921).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Довуд Ҳусейнов моҳи марти соли 1894 дар шаҳри Боку ба дунё омадааст.

  • Соли 1906 дар мактаб таҳсил намуда дар омӯзишгоҳи Боку таҳсилашро давом додааст.
  • Солҳои19131917 дар Институти тиҷоратии Маскав таҳсил намудааст.
  • Аз ноябри 1918 узви РКП(б).
  • Ибтидои соли 1919 узви ташкилоти болшевикии «Гуммет» буд, сипас узви РКП(б) Комитети кишвари Кавказ. Дар ташкили исёни зидди ҳукумати масавватӣ ҶШС Озарбойҷон иштирок кардааст.
  • Феврали соли 1920 Раиси КМ ҲК(б) ҶШС Озарбойҷон.
  • Аз соли 1921 — ҳамчунин Комиссари халқии корҳои хориҷии ҶШС Озарбойҷон, муовини Раиси ШКХ Ҷумҳурии Шуравӣ Федеративи Сотсиалистии Закавказия.
  • солҳои 1930-1933Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон.
  • Аз соли 1933 — ходими Комиссариати халқии РСФСР.
  • Солҳои 19341937 — мудири шуъбаи мактабҳои ғайрирусии Комиссариати халқии РСФСР.
  • Вакили анҷумани XIV ВКП(б) (1925) ва XVI ВКП(б) (1930).
  • Соли 1937 аз ҳамаи вазифаҳо озод гардида ба ҳабс гирифта шудааст.

21 марти соли 1938 бо қарори Коллегияи низомии Суди Олии ИҶШС (СССР) ба марг маҳкум гардида парронда шудааст. Дар соли 1958 Мирзо Довуд Ҳусейнов бо қарори Коллегияи Суди Олии ИҶШС авф шудааст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://ruzgor.tj/sad-fardi-ma-ruf/10724-10-sad-fardi-maruf-2014.html Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016  сол. Сад арбоби маъруфи давлатию сиёсии тоҷик. "Рӯзгор"