Чинор Имомов
Чинор Имомов | |
|---|---|
| Имомов Чинор (Очилдӣ) Искандарович | |
|
Мудири корҳои Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон
|
|
| 1936 — 1937 | |
| Пешгузашта | Уғулой Шамсиддинова |
| Ҷонишин | Абрам Болшемянников |
|
Котиби масъули КИМ-и ҶШС Тоҷикистон
|
|
| 1935 — 1936 | |
| марти 1931 — 14 марти 1933 | |
|
Котиби масъули Бюрои ташкилии ПК (б) Ӯзбекистон дар РАСС Тоҷикистон
|
|
| 1924 — 1928 | |
|
|
|
| Таваллуд |
16 октябри 1898 |
| Даргузашт |
1939 Сахалин, ИҶШС |
| Ном ҳангоми таваллуд | Очилдӣ Искандарович Имомов |
| Ҳизб | КПСС (аз 1918) |
| Таҳсилот |
Омӯзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи Самарқанд (1917) Донишгоҳи коммунистии Ленинград (1928—1930) |
Чинор (Очилдӣ) Искандарович Имомов (16 октябри 1898, волости Панҷакент — 1939, Сахалин) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, яке аз бунёдгузорони аввалин Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон. Комиссари халқии тандурустӣ (1931—1933)[1] ва адлияи ҶШС Тоҷикистон (1933).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Чинор Имомов 16 октябри соли 1898 дар оилаи камбағал, дар деҳаи Зебони волости Панҷакенти вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Дар кӯдакӣ аз волидайн маҳрум гашта, аз соли 1909 дар оилаи бешабони рус Василий Волков тарбия ёфтааст.
Соли 1911 дар мактаби маҳаллаи русии Самарқанд хонда, соли 1917 омӯзишгоҳи ибтидоии олии чорсинфаи шаҳри Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1928—1930 дар Донишгоҳи коммунистии Ленинград таҳсил намудааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1918 аъзои КПСС буд.
- 1918 — котиби ташкилоти «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон»;
- 1918 — раиси кумитаи инқилобии Ӯротеппа (Истаравшан), баъдтар раиси кумитаи ҳизби коммунисти уезди Ӯротеппа;
- 1920—1922 — раиси кумитаҳои ҳизбию уездии шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд;
- 1923 — ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссариати халқии инспекцияи коргару деҳқони ҶШСМ Туркистон;
- 1924 — котиби Бюрои ҳизбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, аввалин котиби масъули Бюрои ташкилии ПК (б) Ӯзбекистон дар РАСС Тоҷикистон ва аъзои Комитети револютсионии РАСС Тоҷикистон;
- 1924—1928 — аъзои Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП(б), аъзои КМ ва Бюрои КМ ПК(б) Ӯзбекистон;
- 1930—1935 — комиссари халқии маорифи халқ, комиссари халқии тандурустӣ ва комиссари халқии адлияи ҶШС Тоҷикистон;
- 1935—1936 — котиби масъули КИМ-и ҶШС Тоҷикистон;
- 1936—1937 — мудири корҳои Шӯрои Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон.
Солҳои 1930—1937 аъзои Бюрои КМ ПК(б) Тоҷикистон, аъзои КИМ-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ИҶШС интихоб гардидааст[2].
Фаъолияти ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Чинор Имомов дар ташкил намудани аввалин нашрияи шӯравии тоҷикӣ — «Овози тоҷик» (1924) ва нашри маҷмӯаи аввалини шеърҳои Абулқосим Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» саҳми калон гузоштааст. Дар ҳайати Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Марказӣ зидди инкокунандагони мавҷудияти миллати тоҷик мубориза бурда, дар нашри китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳм гирифтааст[2].
Репрессия ва сафедшавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1937 бо тӯҳмат бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди олии ИҶШС ба қатл ҳукм шуда, соли 1939 аз олам чашм пӯшидааст (дар манбаъ соли 1939 омадааст). Соли 1957 бо қарори Прокуратураи генералии ИҶШС сафед карда шуда, ба сафи ҳизб барқарор гардидааст[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Нурзода Амирҷон Рузихон. АВВАЛИН КОММИСАРҲОИ ХАЛҚИИ ТАНДУРУСТИИ ҶСС ТОҶИКИСТОН. uchzap.tj. 23 сентябри 2026 санҷида шуд.
- 1 2 3 Барои бақову ҳастии миллати тоҷик ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хизмати Чинор Имомов نیز назаррас аст(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (25 Декабри 2019). 23 сентябри 2026 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Имомов Чинор // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Боймурод Шоев. Чинори миллат. — Душанбе, 2019.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ: Чинор Имомов(тоҷ.). АМИТ «Ховар» (25 Декабри 2019). 23 сентябри 2026 санҷида шуд.
- Чинор Имомов қаҳрамон аст? Бойгонӣ шудааст 6 май 2016 сол.