Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Мисбоҳиддини Нарзиқул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мисбоҳиддини Нарзиқул
Мисбоҳиддини Нарзиқул
Таърихи таваллуд 19 сентябр 1970(1970-09-19) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997)
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (1999)
Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007)

Мисбоҳиддини Нарзиқул — мунаққид ва адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (2010), профессор (2011), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мисбоҳиддини Нарзиқул 19 сентябри соли 1970 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.

Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1993; ҳоло ДМТ). Баъди хатми шуъбаи рӯзонаи аспирантураи назди кафедраи таърихи адабиёти донишгоҳ, фаъолияти корияшро дар кафедраи мазкур ба ҳайси омӯзгор шуруъ кард. Баъдан, ба ҳайси ҷонишини декан оид ба илм (2002-2007 ва 2012-2013), раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филология (1997-2007), раиси Шурои марказии Ҷамъияти илмии донишҷӯёни ДМТ (2000-2007), декани факултети филология (2013-2016), мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология (2016-2023) фаъолият кардаст. Аз соли 2023 профессори кафедраи мазкур. Ҳамзамон, узви Садорат ва Раёсати ИН Тоҷикистон буда, масъулияти раёсати Шурои нақду адабиётшиносии ИН Тоҷикистонро ба зимма дорад. Мисбоҳиддини Нарзиқул ҳамчунин, давраҳои фурсати мутолиотӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар китобхонаҳо ва баъзе марказҳои илмии ш-ҳои Тошканд, Теҳрон, Маскав ва донишгоҳҳои Шаҳид Биҳиштӣ, Тарбиятмударрис ва Теҳрони ҶИЭ гузаронидааст. Дар беш аз 130 конфронс ва симпозиумҳои сатҳҳои гуногун: донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ ва ҷамъомадҳои илмӣ-адабӣ дар Тоҷикистон, Русия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия бо маърузаҳои илмӣ суханронӣ доштааст[1].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мисбоҳиддини Нарзиқул дар мавзуи «Адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV» рисолаи номзадӣ (1997) ва дар мавзуи «Эъҷози Хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ва суннатҳои номанигорӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (асрҳои X-XIV)» рисолаи докторӣ дифоъ кардаст (2010)[2].

Фаъолияти илмии Мисбоҳиддини Нарзиқулро, асосан, пажӯҳишоти вобаста ба таърих ва назарияи адабиёт, назмшиносӣ, матншиносӣ, сарчашмашиносӣ ва сабкшиносӣ ташкил медиҳад. Дар мақолаву китобҳои дар ин заминаҳо таълиф кардаи ӯ масъалаҳои алоқаманд ба адабиётшиносии форсии тоҷикӣ дар асрҳои 13-14, масъалаҳои бадеиёт, назарияи нақд ва нақди ҳунарӣ, анъана ва навоварӣ, басомади вазн ва ихтиёроти шоирӣ (дар мисоли ашъори Рӯдакӣ, Ироқӣ, Биноӣ), матншиносӣ ва сохторшиносии мутуни адабӣ, сарчашмашиносии китобҳои “Расоилу-л-эъҷоз” ва “Тафсири Ҳусайнӣ”, равишҳои сабкшиносии шеъри форсӣ ва ғ. таҳқиқ шудаанд.

Дар асарҳои ба нақди наср бахшидаи Мисбоҳиддини Нарзиқул масъалаҳои марбут ба вазъи умумии насри тоҷик дар арафа ва замони Истиқлол муайян, қонунмандӣ ва вижагиҳои раванди инкишофи он ошкор ва муҳимтарин таҳаввулоте, ки дар ин фосила дар муҳтаво, забон, баён ва сабк ба вуҷуд омадааст, баррасӣ шудааст. Дастовардҳои ӯ дар таҳқиқ назм ва нақди адабии муосир низ чашмгир аст. Як ҷанбаи тоза дар таълифоти адабиётшиносӣ ва нақди адабии Мисбоҳиддини Нарзиқул дар он зоҳир мешавад, ки дар навиштаҳои ӯ кӯшиши истифода аз шева ва равишҳои нави таҳқиқ ва нақд ба мушоҳида мерасад. Масалан, истифодаи бобарор аз равиши сохторшиносиро дар нақди романи “Шинак”-и Юнус Юсуфӣ, мақолаҳои “Ҷустуҷӯйҳо дар насри муосири тоҷикӣ” ва “Гиряҳо ва хандаҳои шоиронаи Баҳроми Раҳматзод” шоҳид ҳастем.

Бори нахуст дар таърихи матншиносии тоҷик бо эҳтимоми Мисбоҳиддини Нарзиқул матни илмӣ-интиқодии матни комили “Расоилу-л-эъҷоз”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки бо номи “Эъҷози Хусравӣ” машҳур аст, дар асоси чаҳор нусха омода ва бо муқаддима, тасҳеҳ, тавзеҳот, таълиқот (шарҳи луғоту таркибот, ибора, таркиб ва ҷумлаҳои арабӣ) дар як муҷаллад чоп шудааст (2013). Инчунин, Мисбоҳиддини Нарзиқул дар таҳрир, таҳия ва баргардони китобҳои дигар низ саҳим аст: «Риёз-уш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ (дар 4 ҷилд; 2018-2019), Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост (2018). Сӯгнома нисбат ба даргузашти профессор Худоӣ Шарифзода (2018), Мероси хаттӣ. Китоби якум (2019), Сӯзи синаи Хусрав (мунтахаби ғазалиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ; 2019), Фаъолият ва дастовардҳои кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол (2021) ва ғ.

Мукофот ва ҷоизаҳо: Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2016), Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2023).

Бо роҳбарии Мисбоҳиддини Нарзиқул нуздаҳ нафар аз тахассуси адабиётшиносӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

  • Таърих ва назарияи номанигорӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 140 саҳ.);
  • “Эъҷози Хусравӣ” ва мақоми он дар таърихи афкори адабии форсии тоҷикӣ (Душанбе: Сино, 2009.- 176 саҳ.);
  • Авзони ашъори Рӯдакӣ (Душанбе: Сино, 2008.- 96 саҳ.);
  • Ҷойгоҳи сухан (Душанбе: Адиб,2006.- 224 саҳ.);
  • Муқаддимаи шеършиносӣ (вазни шеър) (Душанбе: Сино, 2004.- 80 саҳ.) Бойгонӣ шудааст 27 феврали 2021  сол.;
  • Фурӯғи астӣ (зиндагинома, баррасӣ ва нақди ашъори Лоиқ) (Душанбе: Адиб, 2002.- 120 саҳ.);
  • Адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрои XIII-XIV (Душанбе: Адиб, 1998.- 112 саҳ).

Мукофоту ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997),
  • барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999)),
  • бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2007).[3]