Муболиға
Намуди зоҳирӣ
Муболиға (ар. مبالغة — зиёд нишон додан), иғроқ (ар. اغراق — сахт кашидани зеҳи камон, дар ҳадди ниҳоӣ анҷом додани коре) — яке аз истилоҳоти илми баён ва санъати маънавӣ барои тасвир ва тавсифи аз ҳад зиёд ё аз ҳад ками ашё ва маъно[1].
Гоҳо нависанда дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳади табиӣ мебарояд, онро калонтар ва ё хурдтар карда нишон медиҳад, дар таъриф ба болотарин нуқта мебардорад ва ё ин ки ба пасттарин дараҷа мефарорад, ки ин ҳолати тасвир муболиға ном дорад. Дар забони халқ муболиға муҳобот номида мешавад.
| Зи анбӯҳи мардум дар он анҷуман, Набуд лек як ҷойи сӯзан задан. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Иғроқ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Адбиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зеҳнӣ Т. Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ. — Д. : Нашрдавтоҷ,1960. — С. 75