Муин Абдураҳмонов
Муин Камолович Абдураҳмонов | |
Таърихи таваллуд | 30 ноябр 1933 |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 13 август 2016 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Русия |
Ҷоизаҳо | ордени «Дӯстӣ», медали «Собиқадори меҳнат» ва Аълочии соҳаи тандурустӣ. |
Муин Камолович Абдураҳмонов (30 ноябри 1933, шаҳри Бухоро — 13 августи 2016, Душанбе) — доктори илми тиб (1971), профессор (1990), Аълочии соҳаи тандурустӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муин Абдураҳмонов хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе (1951) ва факултаи тибби ҳарбии Институти давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Русия (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон (1958-1959), аспиранти Институти тибби кишварии АИ Тоҷикистон (1959-1962), акушер-гинекологи таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ (1962-1967), ассистенти кафедраи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1967-1976), саракушер-гинекологи Душанбе (1976-1980), ассистент (1980-1986), дотсент (1986-1990), профессор (1990-1998) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи педиатрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино(1998-2005) буд. Аз соли 2005 профессор-мушовири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Муин Абдураҳмонов 13 августи 2016 дар Душанбе даргузашт.[1]. Фарзандонаш Фаррух Абдураҳмонов ва Фирӯза Абдураҳмонова мисли падар докторони илмҳои тиб гардида фаъолияти пизишкиашонро давом дода истодаанд.
Фаолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоташ ба таъсири омилҳои антропогении муҳити беруна ба ташаккул ва инкишофи фаъолияти насловарӣ, мубодилаи витаминҳои B1, B2, B6, C, A, D ҳангоми камхунии муътадил ва камхунии вазнини гипохромии оҳаннорасо дар давраи ҳамл бахшида шудааст. Аввалин шуда дар шароити клиникӣ таъсири бемориҳои хлор ва пеститсидҳои фосфорорганикиро дар ташаккул ва инкишофи системаи «модар-ҳамроҳак-ҷанин» муайян намуд. Муаллифи қариб сад мақола 7 пешниҳоди навоварона аст.[2]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Витамин А в питании сельского населения Южного Таджикистана. – Ташкент, 1962;
- Обмен витаминов В1, В2, В3, С,А,Д при нормальной и осложненной гипохромой железодефицитной анемией беременности: Дисс…доктора мед. наук. – Д., 1971.
- Становление регуляции репродуктивной системы девушек подвергающих воздействию пестицидов в антенатальном периоде.//Материалы Российского форума "модар и дитя" - М.,2003. ва диг.[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени «Дӯстӣ»
- медали «Собиқадори меҳнат».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сӯгворӣ(пайванди дастнорас)
- ↑ 2.0 2.1 Муин Камолович Абдураҳмонов
- Зодагони 30 ноябр
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони 13 август
- Даргузаштагони соли 2016
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми тиб
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон