Фирӯза Абдураҳмонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фирӯза Абдураҳмонов
Фирӯза Муиновна Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 22 май 1970(1970-05-22) (53 сол)
Зодгоҳ Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо ифтихорномаҳои соҳавӣ

Фирӯза Муиновна Абдураҳмонова (22.05.1970, шаҳри Душанбе) — доктори илми тиб (2003), профессор (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фирӯза Абдураҳмонова хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1992). Ординатори клиникӣ ва ассистент (1992-1994), аспирант (1994-1997), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи педиатрӣ (1997-1999), дотсент (1999-2002), профессор (2003-2005) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи № 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (аз соли 2005). Мутахассис оид ба гинекологияи кӯдакони Вазорати тандурустии ҶТ.[1] Падараш Муин Абдураҳмонов ва бародараш Фаррух Абдураҳмонов олимон, докторони илмҳои тиб ҳастанд.

Фаолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъсири омилҳои антропогенӣ ба хусусияти инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии духтаронро омӯхта, тариқи пешгирии оризаҳои акушерӣ ва гинекологии онҳоро пешниҳод намудааст, инкишофи ҷисмонӣ ва ҷинсии духтарон ҳини таъсири пеститсидҳо дар давраи батни модарӣ, эпидемиологияи ташаккули силсилаи насловарии духтарҳо дар Тоҷикистон ва тариқи пешгирии бемориҳои занонаро таҳқиқ намудааст. Зери роҳбариаш доир ба таъсири сирояти вирусҳо ба фаъолияти насловарӣ ҳангоми бемориҳои ғайри аъзои таносул (камхунӣ, гипофунксияи ғадуди сипаршакл, бемории музмини гурдаҳо) ковиши илмӣ анҷом мепазирад. Муаллифи беш аз панҷоҳ мақолаи илмӣ, 4 навоварӣ аст. Осор: Эпидемиология становления репродуктивной системы девушек Таджикистана и технология прогнозированияакушерской и гинекологической катологии: Дисс…доктора мед. наук. – Д., 2002.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]