Jump to content

Фаррух Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаррух Абдураҳмонов
Абдураҳмонов Фаррух Муинович
Таърихи таваллуд 8 март 1962(1962-03-08)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 20 май 2015(2015-05-20) (53 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо Аълочии соҳаи тандурустӣ

Фаррух Муинович Абдураҳмонов (08.03.1962, Душанбе — 20.05.2015, ҳамон ҷо) — доктори илми тиб (1997), профессор (2000), Аълочии соҳаи тандурустӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаррух Абдураҳмонов Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1984). Ординатори клиникӣ (1984—1986), аспирант (1986—1989), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1989—1991), ассистент (1991—2002) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (2002—2005). Аз соли 2005 то охир умр мудири шуъбаи акушерии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон буд.13 августи 2016 дар Душанбе даргузашт.[1] Падараш Муин Абдураҳмонов ва хоҳараш Фирӯза Абдураҳмонова олимон, докторони илмҳои тиб ҳастанд.

Фаолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба масъалаҳои таъсири экология ба фаъолияти насловарӣ, муолиҷаи нуқсонҳои роҳи пешобу аъзои ҷинсии занҳо ва инкишофи ҷисмонии духтарон ҳангоми камхунӣ, ташхис, қоидаҳои муолиҷа ва пешгирии ихтилоли системаи гемостаз ҳангоми бачапартоӣ ва хусусиятҳои системаи насловарӣ, ҷараёни ҳамл, таваллуд ва иллатҳои баъдизоимонӣ дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид таҳқиқот бурдааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмист.

  • Диагностика и принципы коррекции нарушений системы гомостаза при преждевременных родах. — М., 1989;
  • Физическое и половое развитие девочек и девушек, подвергшихся воздействи юнестицидов и антенатальном периоде: Дисс…доктора мед.наук. — Д., 1997.[1]