Jump to content

Муҳаббат Бобоҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаббат Бобоҷонова
Таърихи таваллуд 27 июн 1939(1939-06-27) (85 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Фазои илмӣ зистшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Ленинград (1961)
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998)

Муҳаббат Бобоҷонова (тав. 27.6.1939, Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1991), профессор (1993), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург; 1961). Аспиранти Пажӯҳишгоҳи биологияи ба номи А. Н. Бахи ш. Маскав (1961–1963), корманди илмии АИ ҶШС Тоҷикистон (1963–1972), дотсенти кафедраи биокимиё (1972–1988), дотсент (1988–1992) ва мудири кафедраи физиологияи рустании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз 1992) буд. Ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадриси илмҳои табиӣ машғул будааст. Муаллифи зиёда аз 100 асари илмию методӣ ва таълимист, ки ба таҳқиқи хусусияти тағйироти таркиби кимиёии рустаниҳо, мубодилаи пайвастҳои фосфордор, синтези моддаҳои захиравӣ (вобаста ба шароити парвариш), тағйироти онтогенезии рустаниҳо ва ғ. бахшида шудаанд.

  • Методические разработки по биохимии. Д., 1976; Методические разработки большого практикума с основами энзимологии. Д., 1993;
  • Функциональные свойства мультиферментного комплекса цикла Кальвина //Физиология растений, Т. 47. № 1, М., 2000;
  • Онтогенетические изменения ферментативных активностей свободных мультиферментных комплексов цикла Бенсона-Кальвина// Физиология растений, Т. 53. № 1, М., 2006.