Муҳаммадзамони Солеҳ
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1951 |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1 феврал 2009 (58 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Муҳаммадзамони Солеҳ — нависандаи шинохтаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадзамони Cолеҳ 5 январи соли 1951 дар деҳаи Падрохини Масчоҳ дида ба олами рӯшан кушодааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1974) буда, фаъолияти кориро ба ҳайси ходими адабии шуъбаи адабию драмавии Телевизиони тоҷик оғоз намудааст (1974-1978). Баъдан дар вазифаҳои мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1978-1981), ходими адабии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1981-1989), мудири шуъбаи танзими тарҷума ва нашри китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон (1989-1992), мудири бахши адабии Театри таҷрибавии «Аҳорун» (1992-1994), ходими адабии Бунгоҳи тарҷума ва нашри «Симурғ»-и назди Кумитаи давлатии матбуоти ҷумҳурӣ (1994-1995), сардабири нашриёти «Деваштич» (2000-2009) адои хидмат намудааст. Муҳаммадзамони Солеҳ 1 феврали соли 2009 дар синни 58-солагӣ бар асари сактаи дил дунёи фониро тарк гуфт.[1]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти эҷодии Муҳаммадзамони Солеҳ аз таълифи ҳикоя оғоз ёфта, ҳикояи нахустинаш «Рӯзи ғалаба» соли 1982 дар «Газетаи муаллимон» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш «Сарви Кишмар» (1984) бо фотиҳаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дасти хонандагон расидааст. Дар солҳои баъд қисса ва романҳои нави ӯ «Ардавирафнома», «Оҳанги шаҳри ишқ», «Ишқи актёри пир», «Девори Хуросон», «Ганҷи сӯхта», «Кобуси Кобус ё бозори пашшаҳо» симои Муҳаммадзамони Солеҳро ҳамчун як нависандаи борикбаён ва амиқандеш барафроштанд[2]. Маҷмӯаи навиштаҳои ӯ «Ишқи актёри пир» (1987), «Оҳанги шаҳри ишқ» (1989), романи «Девори Хуросон» (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби «Ардавирофнома ё сояҳои шикаста»-аш (1993) дар интишороти «Балх» (Эрон) чоп шудаанд.
Муҳаммадзамони Солеҳ ба майдони адабиёт ҷасурона ва бо сабку услуби хоса ворид омада, назари таърихиро дар таҳқиқи воқеъияти зиндагӣ амиқтар намудааст. Романи таърихии ӯ «Девори Хуросон», ки қаҳрамони асосияш Амир Исмоили Сомонӣ мебошад, бо такя ба осори таърихнигорону олимон ва адибони давраи Сомониён нигошта шуда, асари пурмуҳтавои дорои суҷаи ҷолибу хонданист ва дар тарбияи завқи бадеии хонанда, худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик, дарки ифтихори миллию ватандорӣ арзишу моҳияти калон дорад. Муҳаммадзамони Солеҳ аз насли адибони навпардози Тоҷикистон буд, ки ба мисли Баҳманёр, Сайфи Раҳимзод, дар солҳои 80-ум бо сабки баёну навишти хос вориди саҳнаи насри тоҷик шуданд. Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ таҳти унвони «Сарви Кишмар» бо пешнависи адабиётшиноси маъруф, Муҳаммадҷон Шакурӣ вайро ҳамчун нависандаи умедбахш муаррифӣ кард[3].
Қиссаи «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоровро ба тоҷикӣ тарҷума, «Готҳо»-и Зардуштро ба хатти имрӯза баргардон кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муҳаммадзамони Cолеҳ(тоҷ.). www.navisandagan.tj. 4 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ http://www.ozodi.tj/content/Muhammadzamon_Soleh_Tajik_news_Tajikistan/1377436.html Озодӣ — Нависандаи бемонанди Тоҷикистон даргузашт
- ↑ http://www.ozodi.org/content/article/2275263.html Озодӣ — Ёдбуди муаллифи «Девори Хуросон»