Муҳаммад Салоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
ФутболМуҳаммад Салоҳ
Mohamed Salah 2018.jpg
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Муҳаммад Салоҳ Ғолӣ
Таваллуд 15 июн 1992(1992-06-15) (26 сол)
Басюн, Миср
Шаҳрвандӣ Парчами Миср Миср
Қад 175 см
Вазн 71 кг
Мавқеъ ҳамлагар
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ Парчами Англия Ливерпул
Шумора 11
Маснад
Бошгоҳҳои ҷавонон
2002—2010 Парчами Миср Муқовлун
Маснади бошгоҳӣ*
2010—2012 Парчами Миср Муқовлун 41 (11)
2012—2014 Парчами Швейтсария Базел 47 (9)
2014—2016 Парчами Англия Челси 13 (2)
2015  Парчами Италия Фиорентина 16 (6)
2015—2016  Парчами Италия Рум 34 (15)
2016—2017 Парчами Италия Рум 31 (14)
2017—то ҳол Парчами Англия Ливерпул 36 (32)
Мунтахаби миллӣ**
2010—2011 Парчами Миср Миср (то 20) 11 (3)
2011—2012 Парчами Миср Миср (то 23) 11 (4)
2011—то ҳол Парчами Миср Миср 57 (33)
Медалҳои байналмилалӣ
Ҷоми миллатҳои Африқо
Нуқра Габон 2017
Мукофотҳои давлатӣ

Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Чеченистон

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Муҳаммад Салоҳ Ғолӣ (ар. محمد صلاح غالى‎; тав. 15 июни 1992, Басюн, Миср) — футболбози мисрӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул» ва тими миллии футболи Миср. Ба панҷгонаи беҳтарин нишонзанҳои Тими миллии футболи Миср шомил аст.

Аз сини наврасӣ кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кард: дар ҷоми ҷаҳон миёни дастаҳои наврасон 2011 ва Бозиҳои олимпии тобистона 2012. Дар солҳои аввали футболбозиаш дар бошгоҳи «Базел»-и Швейсария барандаи Суперҷом ва беҳтарин бозигари ҷавони Африқо шинохта шуд[1]. Соли 2013 ба унвони беҳтарин бозигари Суперҷоми Швейсария сарфароз шуд.

Моҳи апрели соли 2018 дар мавсими 2017—2018 Лигаи бартари Англия ҷоизаи беҳтарин бозигарро соҳиб гашт.

Собиқаи бошгоҳӣ[вироиш]

Салоҳ дар ҳайати «Базел»
Салоҳ дар ҳайати «Челси»

«Муқовлун»[вироиш]

Салоҳ дастпарвари академияи наврасони бошгоҳи «Муқовлун» мебошад. 3 маи соли 2010 аввалин бор дар ҳайати «Муқовлун» алайҳи «ал-Мансур» бозӣ кард. Дар мавсими 2010—2011 мавқеи худро дар ҳайати асосии даста устувор карда, 25 декабри соли 2010 Салоҳ аввалин голи худро дар ҳайати «Муқовлун» дар давозаи «ал-Аҳлӣ» ба нишон расонд. Баъди фоҷиаи Порт-Саид дар аввали соли 2012 чемпионат мавқуф гузошта шуд[2].

«Базел»[вироиш]

Тобистони соли 2012 Салоҳ аз «Муқовлун» ба бошгоҳи «Базел»-и Швейсария пайваст. 10 апрели 2012 шартномаи 4-солаи Салоҳ бо бошгоҳи мазкур ба тавофуқ расид. 23 июни 2012 Муҳаммад Салоҳ дар бозии рафиқона бо «Стяуа»-и Руминия аввалин голи худро барои «Базел» сабт кард.

«Челси»[вироиш]

Соли 2014 Салоҳ ба бошгоҳи «Челси»-и Англия ба муҳлати панҷу ним сол гузашт ва пироҳани шумораи 15-ро соҳиб шуд. 8 феврал дар бозӣ алайҳи «Нюкасл Юнайтед» дар қисмати дуввуми бозӣ ба ҷои Вилиан ба майдон баромад, ки аввалин бозиаш дар ҳайати «Челси» буд. Аввалин голи худро дар ҳайати бошгоҳи мазкур 22 марти ҳамон сол ба дарвозаи «Арсенал» ворид кард.

Иҷора ба «Фиорентино»[вироиш]

Салоҳ дар ҳайати «Фиорентино», апрели 2015

2 феврали соли 2015 ҳамчун бозигари иҷора ба бошгоҳи «Фиорентино»-и Италия гузашт ва баъди як ҳафта аввалин голи худро дар вохӯрӣ бо дастаи «Сассуоло» зад. 26 феврал голи задаи Салоҳ ба дарвозаи «Тоттенхем Хоспур» дар ҷаҳорчӯби бозиҳои Лигаи Аврупо «Фиорентино»-ро ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ кушод. 5 март дар вохӯрӣ бо дастаи «Ювентус»-и Турин дар чаҳорчӯби бозиҳои Ҷоми Италия Муҳаммад Салоҳ ду гол ба дарвозаи Буффон равона кард.

«Рум»[вироиш]

6 августи соли 2015 Муҳаммад Салоҳ ҳамчун бозигари иҷора ба бошгоҳи «Рум» гузашт кард. 20 сентябр авалин голи худро барои ин даста ба субут расонд. 6 ноябри соли 2016 Салоҳ аввалин ҳет-трики худро дар чемпионатҳои аврупоӣ (дар дарвозаи «Болони») сабт кард.

«Ливерпул»[вироиш]

Салоҳ дар ҳайати «Ливерпул»

22 июни соли 2017 Салоҳ ба бошгоҳи «Ливерпул»-и Англия қарордод ба имзо расонд. Маблағи гузашти Салоҳ аз дастаи «Рум» ба «Ливерпул» 42 млн евро буд. «Фиръавни мисрӣ» дар ин бошгоҳ шумораи 11-ро соҳиб шуд.

«Ман худро дар ин ҷо хушбахт мебинам. Кӯшиш мекунам, ки барои ин бошгоҳ дастовардҳои зиёд ҳадя кунам. Ин бошгоҳи бузург бо бозигарони беҳтарин аст» — мегӯяд Салоҳ

12 август аввалин бозиашро бо дастаи «Уотфорд» анҷом дод. Дар ин вохӯрӣ низ аввалин голи худро барои «мерсисойдҳо» зад. 23 август дар бозӣ алайҳи «Хоффенхайм» аввалин голро дар чаҳочӯби бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳо ба самар расонд.

17 марти 2018 Салоҳ дар даври 31-уми Лигаи бартари Англия 4 маротиба дарвозаи «Уотфорд»-ро рахна карда, аввалин «пукер» (чаҳоргол)-и худро дар хазинаи «Ливерпул» сабт ва корномаи Анри ва Аршавинро такрор кард. Дар 33 бозӣ дар чемпионати Англия 2017—2018 31 гол ба самар расонда, корномаи Криштиану Роналду, Алан Ширер ва Луис Суаресро ёдовар шуд (дар доираи як мавсим). 23 апрели соли 2018 Муҳаммад Салоҳ беҳтарин бозигари Лигаи бартари Англия эълон шуд.

Маснад дар тими миллӣ[вироиш]

Соли 2017 дар ҳайати тими миллӣ Салоҳ ҷоизадорӣ медали нуқраи Ҷоми миллатҳои Африқо шуд (Габон). 8 октябри 2017 дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон голҳои задаи Салоҳ ба дарвозаи тим миллии Ҷумҳурии Конго Мисрро ба Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 роҳхат дод. Дар доираи бозиҳои мазкур Салоҳ ду гол ба дарвозаи ҳарифон ба самар расонд.

Омор[вироиш]

Омори бошгоҳӣ[вироиш]

Баромад Лига Ҷоми кишвар Ҷоми лига Ҷоми Аврупо Ҳамагӣ
Бошгоҳ Лига Мавсим Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо Бозиҳо Голҳо
Моқавлун Лигаи бартари Миср 2010/11 21 4 0 0 0 0 0 0 21 4
2011/12 15 7 0 0 0 0 0 0 15 7
Дар маҷмӯъ 36 11 0 0 0 0 0 0 36 11
Базел Суперлига 2012/13 29 5 6 3 0 0 14 2 49 10
2013/14 18 4 1 1 0 0 10 5 29 10
Дар маҷмӯъ 47 9 7 4 0 0 24 7 78 20
Челси Лигаи бартар 2013/14 10 2 1 0 0 0 0 0 11 2
2014/15 3 0 1 0 2 0 2 0 8 0
Дар маҷмӯъ 13 2 2 0 2 0 2 0 19 2
→ Фиорентино Серия A 2014/15 16 6 2 2 0 0 8 1 26 9
Дар маҷмӯъ 16 6 2 2 0 0 8 1 26 9
→ Рум Серия A 2015/16 34 14 1 0 0 0 7 1 42 15
2016/17 31 15 2 2 0 0 8 2 41 19
Дар маҷмӯъ 65 29 3 2 0 0 15 3 83 34
Ливерпул Лигаи бартар 2017/18 36 32 1 1 0 0 15 11 52 44
Дар маҷмӯъ 36 32 1 1 0 0 15 11 52 44
Ҳамагӣ дар маснад 213 89 15 9 2 0 64 22 294 120

Дастовардҳо[вироиш]

Бошгоҳӣ[вироиш]

Парчами Швейтсария «Базел»

Парчами Англия «Челси»

Парчами Англия «Ливерпул»

Байналмилалӣ[вироиш]

Парчами Миср Миср

Инфиродӣ[вироиш]

Вазъи оилавӣ[вироиш]

Муҳаммад Салоҳ 17 декабри 2013 оиладор шуда, соли 2014 духтараш Макка таваллуд мешавад. Ӯ духтарашро ба ифтихори яке аз шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон — Макка номгузорӣ кардааст[3]. Салоҳ футболбози мусулмон буда, баъд аз ба самар расондани ҳар гол саҷдаи шукр мекунад[4].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Toure wins his second African Player of the Year Award(англ.), Официальный сайт КАФ (21 December 2012). Проверено 21 Декабри 2012.
  2. Egypt's Premier League cancelled, BBC Sport, British Broadcasting Corporation (10 March 2012). Проверено 11 марти 2012.
  3. Wife of Egyptian Chelsea winger Salah chooses baby girl name(англ.). Ahram Online (15 December 2014). 1 Декабри 2017 санҷида шуд.
  4. Egypt’s Salah celebrates first goal with Chelsea(англ.). Al Arabiya News (22 March 2014). 1 Декабри 2017 санҷида шуд.