Jump to content

Муҳриддин Ашӯров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ашӯров Муҳридин Ашурович
Супоридани медали «Ситораи тилоӣ»-и Қаҳрамони Федератсияи Русия
1 июни соли 2000
Зодрӯз 22 март 1950(1950-03-22)
Таърихи даргузашт 26 июл 2007(2007-07-26) (57 сол)
Мансубият  ИҶШС Русия
Рутба Генерал-лейтенант
Равобит
Қаҳрамони Федератсияи Русия
Order of Courage Ордени Ситораи Сурх Order "For Personal Courage"
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муҳриддин Ашӯров (22 марти 1950, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 26 июли 2007, Маскав, Русия) — арбоби низомии тоҷик, генерал-лейтенант (1999), Қаҳрамони Россия (2000).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии шаҳри Тошканд (1972), Академияи ҳарбии қӯшунҳои зиреҳпӯши танкии ИҶШС (1984), Академияи ҳарбии Ситоди кулли Федератсияи Россия (1995). Солҳои 1972-79 фармондеҳи қисмҳои танкӣ ва мототирандозӣ, 1979-81 хидмати ҳарбӣ дар Афғонистон, 1984-89 сардори ситод ва фармондеҳи полки танкӣ дар гурӯҳи Қувваҳои шӯравӣ дар Олмон, 1989-90 фармондеҳи полки танкӣ дар Округи ҳарбии Белоруссия, 1991-93 фармондеҳи двизияи мототирандозии 201 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995-98 муовини аввали командири Корпуси 8-уми гвардиявӣ (шаҳри Волгоград), 1998—2002 муовини фармондеҳи лашкарҳои Округи ҳарбии Қафқози Шимолӣ, 2002-04 сармушовири ҳарбӣ, мушовири Вазири мудофиа ва сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Россия дар Ҷумҳурии Арабии Сурия. Соли 2005 бинобар беморӣ ба истеъфо баромад.

Бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Барои ҷасорати шахсӣ», «Ҷасорат» (Россия), медалу ифтихорномаҳо сазовор гардидааст.

 Муҳриддин Ашӯров. Сайти «Герои Страны».