Муҳсин Муҳаммадиев
Мухсин Муҳамадиев | ||
| Иттилооти умумӣ | ||
| Номи пурра | Мухсин Муслимович Муҳамадиев | |
| Таваллуд | 21 октябри 1966[1] | |
| Вафот | 1 январи 2026[2] (59 сол) | |
| Шаҳрвандӣ | ||
| Қад | 172 см | |
| Мавқеъ | ниммуҳофиз, ҳамлагар | |
| Маснад | ||
Мӯҳсин Муҳамадиев (Мӯҳсин Муслимович Муҳаммадиев; 21 октябри 1966, Душанбе — 1 январи 2026) — футболбози Шӯравӣ, Тоҷикистон ва Русия, нимҳимоягар, ҳамлагар. Устоди варзиши ИҶШС (1988).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин мураббӣ — Войнов Николас Алексеевич.
Ӯ фаъолияти худро дар дастаи "Пахтакор" (Қӯрғонтеппа) оғоз кард. Аз соли 1985 ба бошгоҳи маъруфи ҶШС Тоҷикистон, "Помир"-и Душанбе, пайваст. Пеш аз мавсими соли 1991, ӯ нақша дошт, ки ба "Динамо"-и Киев гузарад, аммо бошгоҳ фурсат наёф то ин хабарро эълон кунад[3]. Вай мавсими соли 1992-ро бо дастаи "Помир" оғоз кард ва дар чемпионати мустақили Тоҷикистон се бозӣ карда, панҷ гол зад. Бо дарки сатҳи хеле пасти чемпионат, ӯ фавран пас аз бозии нимфинали Ҷоми ИДМ дар соли 1992 дар Маскав монд ва даъвати Юрий Сёминро барои пайвастан ба "Локомотив"-и Маскав қабул кард.
Баъдтар ӯ дар клубҳои русии "Спартак"-и Маскав, "Торпедо"-и Маскав, "Локомотив"-и Нижний Новгород ва дигарон бозӣ кард.
6 майи соли 1995 ӯ дар ҳайати дастаи миллии Русия бар зидди ҷазираҳои Фарер як бозӣ кард ва як гол зад (пирӯзии 3-0) [4].
Соли 1998, бо таъсири Рашид Раҳимов, ӯ ба дастаи "Австрия Вена", ки дар ҷустуҷӯи ҳамлагари чолок буд, пайваст. Ӯ то охири мавсим шартнома баст ва баъд аз он ба Русия баргашт.
Соли 2000 ӯ бо дастаи "Самарқанд" ба финали Ҷоми Узбакистон роҳ ёфт. Ӯ беҳтарин голзани дастаи "Самарқанд" буд [5].
Соли 2002 фаъолияти касбии бозигарии худро дар бошгоҳи лигаи дуюми Русия «Витяз» (Подолск) ба анҷом расонд, баъдан фаъолияти худро дар ҳамон бошгоҳ дар вазифаи мураббӣ идома дод. Аз соли 2007 то 18 апрели соли 2008 — сармураббии «Витяз» буд, ки дар минтақаи «Марказ»-и лигаи дуюм ғолиб гардид.
Аз моҳи июни соли 2008 то июни соли 2012 ба ҳайси директори варзишии клуби «Рубин»-и Қазон фаъолият кард. «Рубин» бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони чемпионати футболи Русия шуд, ҳамчунин соҳиби Ҷоми Русия, Суперҷом ва Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.
Моҳи июли соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуд.
Аз 22 августи соли 2015 то 19 июли соли 2016 ба ҳайси мураббии калон дар клуби «Ордабасы» кор кард.
Аз 31 октябри соли 2016 то 22 майи соли 2018 клуби «Истиқлол»-ро роҳбарӣ намуд. 10 июни соли 2019 маълум гардид, ки Муҳамадиев ба вазифаи сармураббии клуби «Бухоро» тасдиқ шудааст.
30 июни соли 2020 бо мувофиқаи тарафайн шартнома бо клуби футболи «Бухоро» бекор карда шуд.
4 феврали соли 2022 иттилоъ пайдо шуд, ки Муҳамадиев сармураббии клуби қазонии «Нэфис» шудааст ва даста таҳти роҳбарии ӯ се бозӣ анҷом додааст, аммо таъкид мешуд, ки дар бораи таъйиноти расмӣ хабар дода нашудааст [6].
Дар моҳи июни соли 2022, ӯ ноиби аввали президенти бошгоҳи Истиқлол таъйин шуд [7]. Дар соли 2024, ӯ ба ҳайси директор ба бошгоҳи Вахш гузашт [8].
Моҳи феврали соли 2025 Муҳамадиев ҳангоми тамрини бошгоҳи "Вахш" дар Туркия сактаи мағзӣ аз сар гузаронд. Баъдтар ӯро ба Маскав интиқол доданд ва дар он ҷо чандин ҳамлаҳои дигарро аз сар гузаронд [9][10]. Моҳи июни соли 2025 ӯ бо ҳолати устуворона вазнин ба шуъбаи эҳёгарии Маркази федералии мағз ва нейротехнологияҳои ФМБА-и Русия бистарӣ карда шуда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст гардид [11]. Дар охири моҳи июни соли 2025 маълум шуд, ки Муҳамадиев дар тӯли шаш моҳ якчанд сактаи мағзиро аз сар гузаронидааст [12]. Моҳи сентябри соли 2025 ӯро аз беморхона ҷавоб доданд [13]. Ӯ 1 январи соли 2026 дар Маскав [14], ки дар яке аз клиникаҳо табобат мегирифт, вафот кард [15] .
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бозигар
- Қаҳрамони Русия (1): 1994
- Ғолиби Лигаи якуми ИҶШС: 1988 (бо клуби «Памир» Душанбе, ки бори аввал ҳуқуқи ширкат дар лигаи олиро ба даст овард)
- Финалисти Ҷоми Ӯзбекистон соли 2000.
Сармураббӣ ва директори варзишӣ
- Ғолиби минтақаи «Марказ»-и Дивизиони дуюми ПФЛ (1): 2007
- Қаҳрамони Русия (2): 2008, 2009
- Медали биринҷии чемпионати Русия: 2010
- Соҳиби Ҷоми Русия: 2011/2012
- Финалисти Ҷоми Русия: 2008/2009
- Соҳиби Суперҷоми Русия: 2010
- Соҳиби Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳод: 2010
- Қаҳрамони Тоҷикистон (2): 2016, 2017
- Соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2): 2017, 2018
- Соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон: 2018
- Финалисти Ҷоми КФО: 2017
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Занаш Моҳира, фарзандон Муслима, Маҳбуба ва Марям
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Еженедельник «Футбол», № 3 (2897), 2016 г., с. 20. Мухсин Мухамадиев: «В Марокко два тульских самовара мы меняли на кожаную куртку»
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Transfermarkt.com(бис.) — 2000.
- ↑ Умер бывший футболист "Спартака" Мухсин Мухамадиев — TASS.
- ↑ Еженедельник «Футбол», № 3 (2897), 2016 г., с. 20. Мухсин Мухамадиев: «В Марокко два тульских самовара мы меняли на кожаную куртку» (edit | talk | history | links | watch | logs)
- ↑ Сборная России по футболу. 6 мая 1995 г. РОССИЯ - ФАРЕРСКИЕ ОСТРОВА – 3:0. rusteam.su. 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Виктор Хохлюк. «Наши футбольные легенды. Голеадоры бывшего СССР в футбольных битвах зарубежья».. — Москав, 2018. — 128 с. — ISBN ISBN 978-5-604-10716-4.
- ↑ Казанский ФК «Нэфис» возглавил бывший помощник Бердыева. sntat.ru. 2 Январ 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2022.
- ↑ Редакция Sports.tj. Мухсин Мухамадиев назначен первым вице-президентом «Истиклола» (ru-RU). SPORTS.tj: Все новости спорта в Таджикистане, СНГ и в мире (2 июни 2022). 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Редакция Sports.tj. Мухсин Мухаммадиев переезжает в Бохтар: он будет поднимать «Вахш» (ru-RU). SPORTS.tj: Все новости спорта в Таджикистане, СНГ и в мире (23 феврали 2024). 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Экс-спартаковец Мухамадиев находится в тяжелом состоянии после инсультов. 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Экс-форвард «Спартака» Мухамадиев перенес несколько инсультов(рус.), sport-express.ru (30 июни 2025). Проверено 2 Январ 2026.
- ↑ Зарина Халимхонова. Источник: экс-футболист "Спартака" находится в реанимации (4 июл 2025).
- ↑ Экс-нападающий "Спартака" Мухамадиев перенес несколько инсультов(рус.). Российская газета (30 июни 2025). 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Бывшего футболиста "Спартака" Мухамадиева выписали из больницы после инсультов(рус.). TACC. 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Умер бывший футболист "Спартака" Мухсин Мухамадиев(рус.). TACC. 2 Январ 2026 санҷида шуд.
- ↑ Место похорон Мухамадиева будет зависеть от решения его семьи(рус.). TACC. 2 Январ 2026 санҷида шуд.