Jump to content

Насоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Насоӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис, фақеҳ
Таърихи таваллуд: 829 ё 830[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 28 август 915[2][3]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом ва суннӣ
Самти фаъолият: илми ҳадис ва фиқҳ
Устодон: Абу Довуди Сиҷистонӣ[d], Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал[d], Абӯяълои Мавсилӣ[d] ва ʻAli ibn Harb[d]
Шогирдон: Ибни Ҳиббон
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абуабдурраҳмон Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ (ар. أحمد بن شعيب النسائي‎; 829 ё 830[1], Нисо[d]28 август 915[2][3], Фаластин) — донишманди мусулмони форс-тоҷик, фақеҳ, сӯфӣ ва яке аз муҳаддисони маъруф, муаллифи «Сунани Насоӣ».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмад ибни Шуъайб соли 215 ҳиҷрӣ дар шаҳри Насо чашм ба ба дунё омадааст. Ӯ илмомӯзиро аз овони кӯдакӣ оғоз намуд ва дар синни понздаҳсолагӣ ба Бағлон рафта, як солу ду моҳ аз Қутайба ибни Саид ҳадис шунид. Сипас таҳсили илмро идома дода, ба Хуросон, Ҳиҷоз, Миср, Ироқ, Басра, Кӯфа, Бағдод, Ҷазира, Шом, Қазвин сафар карданд ва аз уламои ҳадис ривоят шунид[4]. Бо Муҳаммад ибни Исмоил ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ дар бисёре аз устодҳо шарик ҳаст. Сипас ба Миср рафта онро ватан қарор дод. Баъд ба Шом сафар кард ва дар он ҷо мавриди озмоиш қарор гириф ва сипас ба Рамла рафта, дар он ҷо то охири умр иқомат дошт.

«Сунан»-и Насоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Сунан»-и Насоӣ аз миёни осори Аҳмад ибни Шуъайб машҳуртарин асар ба шумор рафта, аз панҷ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду чор ҳадис иборат мебошад. Муаллиф дар тахриҷи чор ҳазору чорсаду чиҳилу чор ҳадиси он бо муаллифҳои китобҳои саҳеҳи панҷгона шарик буда, дар тахриҷи як ҳазору сесаду сӣ ҳадиси боқимонда танҳо мебошанд[5].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар маҳалли вафоти Аҳмад ибни Шуъайб миёни уламо ихтилофи назар аст. Назари саҳеҳ он аст, ки рӯзе дар Димишқ аз ӯ дар бораи Муовия ва фазоили ӯ пурсида шуд. Ӯ фармуд, ки дар фазоили ӯ ба ҷуз ҳадиси “Ло ашбаъаллоҳу батнака” чизе намедонам. Ӯро аз масҷид берун карданд ва дар хар савор карда, ба тарафи Рамла фиристоданд. Ӯ дар Рамла рӯзи душанбе, 13 сафари соли 303 дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Али-заде А. Насаи Ахмад (рус.) // Исламский энциклопедический словарьМ.: Ансар, 2007.
  2. 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #11946263X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. 3.0 3.1 LIBRIS
  4. 4.0 4.1 Тарҷумаи ҳоли Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ. shuroiulamo.tj. Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 августи 2016). 3 октябри 2023 санҷида шуд.
  5. Муқаддимаи «Сунан»-и Насоӣ аз Халил ибни Маъмун, С. 22