Исҳоқ ибни Роҳавайҳ
Исҳоқ ибни Роҳавайҳ | |
---|---|
араб. ар. إسحاق بن راهويه | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | муҳаддис |
Таърихи таваллуд: | 778[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 январ 853[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом ва суннӣ |
Самти фаъолият: | илми ҳадис |
Устодон: | Муҳаммади Шофеъӣ, Husayn ibn Alí al-Jufí[d] ва Abd ar-Rahman ibn Mahdi[d] |
Шогирдон: | Муҳаммад Бухорӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ, Аҳмад ибни Шуъайби Насоӣ ва Ибни Қутайба |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
![]() |
![]() |
Исҳоқ ибни Иброҳим ибни Махлади Тамимии Марвазӣ (ар. إسحاق بن رَاهَوَيْه المروزي الحنظلي التميمي), маъруф ба Исҳоқ ибни Роҳавайҳ (ар. إسحاق بن راهويه; 778[1], Марв — 29 январ 853[1], Нишопур) — ҳофиз, муҳаддис, муфассир ва фақеҳи маъруфи мусулмони шофеъӣ, аз шогирдони Муҳаммади Шофеъӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Роҳaвайҳ аз кибори ҳуффоз ва аиммаи ҳадис ва олими Хуросон дар рӯзгори хеш буд. Имом Аҳмад, Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Насоӣ ва дигар бузургони фанни ҳадис аз ӯ ривоят кардаанд. Аз ӯ муснаде дар ҳадис бо номи «Муснади Ибни Роҳвайҳӣ» ва тафсире аз Қуръон боқӣ мондааст. Ибни Роҳавайҳ ба расми таълимии он рӯзгор ба ш-ҳои Ироқ, Шом, Ҳиҷоз ва Яман сафар кардааст. Дар бораи ӯ гуфтаанд: «Ҳафтод ҳазор ҳадис аз ёд дошт ва бо сад ҳазор ҳадис музокара мекард» ва «Сад ҳазор ҳадис аз ҳифз медонист». Ибни Роҳавайҳ дар байни фақеҳон чандон ношинохта бошад ҳам, дар таҳсилоти фиқҳӣ аз танаввуъе бархӯрдор аст, ки камтар насиби фақеҳони дигар гаштааст. Дар сабаби тахаллусаш ба Ибни Роҳавайҳ гуфтаанд, ки падараш дар аснои сафар дар роҳи Макка таваллуд шуда, мардуми Марв ба ӯ Роҳия ва ё Роҳуя, яъне зодаи роҳ гуфтаанд ва баъдҳо ба Роҳвайҳ тағйир хӯрдааст. Самъонӣ ӯро Роҳуяӣ гуфта, дар сираи вай овардааст: «Имоми номӣ ва машҳур аз аҳли Марв, ки дар Нишопур сукунат гузид. Вай аз аиммаи матбуъ (соҳибмазҳаб ва соҳибпайрав), ки ақвол ва ихтиёрот (-и фиқҳӣ)-е дошта ва аз ақрон (ҳамтоён)-и Аҳмад ибни Ҳанбал буд». Ибни Касир мегӯяд: «Исҳоқ ибни Роҳвайҳӣ имоми муттабаъ буд, тоифае аз вай пайравӣ мекарданд ва бар маслаки вай мерафтанд, ки ба онҳо «исҳоқия» гуфта мешуд».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Deutsche Nationalbibliothek Record #102508062 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Роҳавайҳ / А. Боқизода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- إسحاق بن راهويه - المكتبة الشاملة. shamela.ws. 19 сентябри 2023 санҷида шуд.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманди мусалмон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |