Насруллоҳи Асадулло
Насруллоҳи Асадулло | |
|---|---|
| Насруллоҳи Асадулло | |
| Таърихи таваллуд | 14 августи 1951 |
| Зодгоҳ | ноҳияи Исфара ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Таърихи даргузашт | 1996 |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе |
| Шаҳрвандӣ |
|
| Навъи фаъолият | нависанда, рӯзноманигор |
| Самт | реализм |
| Жанр | ҳикоя |
| Забони осор | забони тоҷикӣ |
Насруллоҳи Асадулло (Насрулло Асадуллоев; 14 августи 1951, райони Исфара, вилояти Суғд — майи 1995) — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Насруллоҳи Асадулло 14 августи соли 1951 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1973 шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан корманди рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Коммунист Таджикистана», «Комсомольская правда», «Маданияти Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Литературная газета» ва Ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии «Имтиҳон» (Маскав, 1980), «Санҷиш» (Олмон, 1982), «Дӯстон барои чӣ лозим?» (1986), «Овози шинос» (1988) ва ғ. мебошад. Мақолаву очеркҳои публитсистиаш борҳо ба табъ расидаанд.[1]
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Насруллоҳи Асадулло моҳи майи соли 1995 аз олам даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 42 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Самолиёт ҷасади журналистро ба деҳааш оварда буд…. Pressa.tj. 25 Январ 2026 санҷида шуд.
- Зодагони 14 август
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Исфара
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Адибон аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони соли 1995
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XX
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон