Нақби Шаҳристон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нақби автомобилгарди "Шаҳристон" дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ (Ӯзбекистон) киллометри 180 ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) воқеъ аст. Дарозии нақби "Шаҳристон" – 5253 метр.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди ДушанбеХуҷанд – Чаноқ (Ӯзбекистон) мебошад. Сохтумони нақб расман 22 августи соли 2006 оғоз ёфтааст. Сохтумони нақбро – ширкати Chaina Road (Чин) ба уҳда гирифтааст.[1]

Ифтитоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

27 октябри соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ (Ӯзбекистон) бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи нақби мошингарди Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст. То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сдачу тоннеля «Шахристан» вновь перенесли на месяц//asia-hlus/ № 73(760), 27 сент. 2012

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бойгонӣ шудааст 15 сентябри 2013  сол.