Jump to content

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2
Кишвар  Тоҷикистон
Молик ШСХК "Барқи тоҷик"
Соли оғози сохтмон 20 феврали 2006
Соли бакордарории агрегатҳо 2011 ва 2014
Мушаххасоти асосӣ
Коркарди солонаи энергияи барқ, млн кВт⋅с 1000 млн кВт·с
Навъи нерӯгоҳи барқӣ обӣ
Тавоноии барқӣ, МВт 220
Тавсифоти таҷҳизот
Тавоноии генераторҳо, МВт 110 МВт
Дар харита

Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 (НБО Сангтӯда-2) - поёнтар аз НБО Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш ҷойгир шуда, бо он дар якҷоягӣ амал мекунад ва он имконияти танзими ҳаракати обро (дарёи Вахш) дар давоми шабонарӯз медиҳад. Иқтидори 2 агрегати НБО Сангтӯда-2 - 220 МВт мебошад.

Соли 1995 дар Душанбе протоколи сохтмони нерӯгоҳҳои 1 ва 2 байни Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба имзо расид. Бар асоси ин санад, Тоҷикистон яке аз ин нерӯгоҳҳоро дар ҳамкорӣ бо Русия ва дигареро бо Эрон бояд ба анҷом мерасонд. Эрон аз ҷумла эълон кард, ки барои сохтани “Сангтӯда 2” 180 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Барои анҷоми корҳо ширкати “Сангоб”-и Эрон ҷалб шуд. Ба таври расмӣ кори сохтмон дар моҳи феврали соли 2006 шурӯъ гардид. 20 феврали соли 2006 маросими сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда-2 оғоз гардид. Хароҷоти умумии сохтмон $220 млн буда, $180 млн. онро Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ўҳда гирифтааст, $40 млн. доллари дигар ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баъди ба истифода додани НБО Сангтӯда-2, Ҷумҳурии Исломии Эрон барқи НБО Сангтӯда-2 - ро 12,5 сол истифода мебарад (методи «Биоти»). Баъди он НБО Сангтӯда-2 пурра ба ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад.

Бинобар мушкилоти сотмон агрегати нахустини НБО Сангтӯда-2, сентябри соли 2011 ва агрегати дуюм сентябри соли 2014 пурра ба истифода супорида шуданд. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад. Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.[1]

Мувофики шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон интиқоли барқ аз ҷумлаи барқи дар НБО Сангтӯда-2 истеҳсолшуда, дар фасли тобистон ба воситаи Хати баландшиддати барқии ЛЭП Сангтӯда - Пули Хумри то 300 мегаватт ба Афғонистон ирсол мегардад.[2]