Таҳморо
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: تهمآرا | ||||
Кишвар | Тоҷикистон | ||||
Дараҷаи болотар | Сарвон | ||||
Дараҷаи пойинтар | Таҳмдор | ||||
Ҳамто |
|
Таҳморо (форсӣ: تهمآرا) — дараҷае афсарӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз таҳмдор ва пойинтар аз сарвон дорад ва баробар бо новбон якум дар нерӯи дарёӣ аст; лейтенанти калон[1].
Дараҷаи пойинтар: Таҳмдор |
Таҳморо |
Дараҷаи болотар: Сарвон |
Таҳморо дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи таҳмро дорад, ки ягони тактикиест, ки аз ду ё чанд рада ташкил шуда ва бахше аз вашт аст; даста[2], взвод[3].
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]«Таҳморо» аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исму сифати фоъилӣ ва сохтвожаи он ба сурати [исм (таҳм) + асоси замони ҳозираи феъли «оростан» (оро) > порсии миёна: ārāy > порсии бостон: *ā-rāda- > √*rād- ‘омода кардан, оростан; тартиб додан’][4] аст. Дар сохти ин вожа аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.
«Таҳморо» дар қиёс бо «сипоҳоро» ва «лашкароро» сохта шудааст, ки аз вожаҳои куҳани форсӣ ҳастанд. «Оростан» дар ин вожаҳо ба маънои «назму тартиб додан; омода кардан; сомон додан» аст[5].
«Сипаҳоро : сипоҳоро» дар фарҳангҳо «орояндаи сипоҳ; он ки сипоҳ омода кунад; фармондеҳи сипоҳ; сипаҳсолор»[6] ва «сипоҳороӣ» «назм додан ба нерӯи низомӣ»[5] таъбир шудаанд.
«Сипаҳоро» ба маънои «фармондеҳи сипоҳ» дар ашъори Фаррухӣ ба кор рафтааст:
Ба теғи он сипаҳорой нест хоҳад шуд,
Ҳар он касе ки намояд бад-ин мулк исён[6].
«Лашкароро» низ дар фарҳангҳо «орояндаи лашкар; муназзамкунандаи лашкар; сардори лашкар»[6], «лашкаророянда; ороишдиҳанда ва назмдиҳандаи лашкар; фармондеҳи лашкар» ва «лашкаророӣ» низ «амали назму тартиб додан ба лашкар ва омода кардани он барои ҷанг бо душман» таъбир шудаанд[5].
«Лашкароро» ба маънои «фармондеҳи лашкар» борҳо дар «Шоҳнома» ба кор рафтааст:
Бад-ӯ гуфт Нӯзар, ки «Ин рой нест,
Сипаҳро чу ту лашкаророй нест[7].
«Таҳморо» ба маънои «фармондеҳи таҳм» аст ва дар қиёсу пайравӣ аз «таҳмдор» сохтаву барои ҷойгузини кардани дараҷаи низомии «лейтенанти калон» ба Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[8].
Пешина
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳмдор ҳамчун симати низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224) пайдо шудааст. Чунончи, дар сафолнавиштаҳои ашконӣ аз солҳои 40-уми пеш аз милод, ки аз бойгонии шаҳри бостонии Нисо бозёфт шудаанд, истилоҳи «таҳмдор» (паҳлавӣ: tagm(a)dār) бозхонӣ шудааст. Пажӯҳишгарон онро рӯбардор аз истилоҳи юн.-қад. τάγματάρχος «фармондеҳи тагма» донистаанд: паҳлавӣ: tagmadār > юн.-қад. τάγμα «ҳанг» + паҳлавӣ: -dār «доранда; фармондеҳ»[9].
«Тагма» дар сипоҳи подшоҳии Руми Шарқӣ ягоне номида мешуд, ки 100 — 500 сарбозро дар бар мегирифт[10]. Ин истилоҳ дар паи ҷангҳои доманадори Руму Эрон дар замони Ашкониён аз румиён вом гирифта шуда ва дертар бо вожаи паҳлавӣ: «tahmīh» ‘нерӯ’ (< эронии бостон: *taxma- < √*tak- ‘тохтан, давидан’[4] < порсии миёна: tahm > форсӣ: تهم [таҳм] ‘зӯрманд, паҳлавон’[11]) инҳамон ва бо «нерӯ» мутародиф гаштааст.
Дар сипоҳи Сосониён (224—651 милодӣ), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ашкониён ба ирс бурда буд[12], низ яке аз ягонҳо «таҳм» (порсии миёна: tḥmy) ном доштааст[13]. Ҳар таҳме 50 — 100 сарбозро дар бар мегирифта ва аз чанд «рада» (порсии миёна: radag) ташкил мешуда, ки ҳар кадоме 10 сарбоз доштааст[14].
Бино бар ин пешина ва додаҳо, «таҳм» ба ҷои «взвод» ва «таҳмдор» ба ҷои «лейтенант» (аз олмонӣ: Leutenant > фр. lieutenant «ҷонишин; муъовин») ва дар пайравӣ аз он вожаҳои «таҳмовар» ва «таҳморо» сохтаву барои ҷойгузинии дараҷаҳои низомии «лейтенанти хурд» ва «лейтенанти калон» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[15].
Ному нишони таҳморо дар нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ҷаҳон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
қирғ. Улук лейтенант
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Коллектив авторов. Том 2, статья «Взвод» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1994. — С. 85. — 544 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00299-1.
- ↑ 4.0 4.1 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра)
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ISBN 978-99947-32-84-5. ҷ. 1, с. 429
- ↑ Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд(тоҷ.) (23 February 2022).
- ↑ Лившиц В. А. Парфянская ономастика. — СПб.: — Петербургское лингвистическое общество, 2010. — 400 с., ил. — (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1.
- ↑ Ҳамакнун ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Юнон гурдон ба забони юнонӣ «τάγμα» ва саргурд ё майор «τάγματάρχης» номида мешаванд.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 354—355
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2-5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 29 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449—451 гг. Кампании и сражения.- Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360—464.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
- ↑ ԶԻՆՎՈՐԱԿԱՆ ԾԱՌԱՅՈՒԹՅԱՆ ԵՎ ԶԻՆԾԱՌԱՅՈՂԻ ԿԱՐԳԱՎԻՃԱԿԻ ՄԱՍԻՆ(арм.). arlis.am. Legal information system of Armenia (15 November 2017).
- ↑ Azərbaycan Respublikası Silahlı Qüvvələri hərbi qulluqçularının hərbi geyim forması və fərqləndirmə nişanları haqqında Əsasnamə(озарб.). mod.gov.az 64–70. Ministry of Defense (25 June 2001).
- ↑ Указ Президента Республики Беларусь от 21.07.2009 N 388 "О военной форме одежды, знаках различия по воинским званиям и внесении дополнений в Указ Президента Республики Беларусь от 9 июня 2006 г. N 383"(рус.). pravo.levonevsky.org/. Government of Belarus.
- ↑ ЗАКОН ЗА ОТБРАНАТА И ВЪОРЪЖЕНИТЕ СИЛИ НА РЕПУБЛИКА БЪЛГАРИЯ (bg). lex.bg (12 May 2009).
- ↑ Oznake činova (hr). osrh.hr. Republic of Croatia Armed Forces (1 April 2019).
- ↑ Ranks. army.cz. Ministry of Defence of the Czech Republic (2018).
- ↑ Sotilasarvot Puolustusvoimissa(фин.). puolustusvoimat.fi. Finnish Defence Forces.
- ↑ სამხედრო წოდებები და ინსიგნიები(гурҷ.). mod.gov.ge. Ministry of Defense of Georgia.
- ↑ A gallér és az ötágú csillag(маҷ.). honvedelem.hu. Hungarian Defence Forces (6 May 2009). 23 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 июли 2022.
- ↑ Қазақстан Республикасының Қарулы Күштері, басқа да әскерлері мен әскери құралымдары әскери қызметшілерінің әскери киім нысаны және айырым белгілері туралы(қаз.). adilet.zan.kz. Ministry of Justice (Kazakhstan) (25 August 2011).
- ↑ Pakāpju iedalījums(лат.). mil.lv/lv. Latvian National Armed Forces.
- ↑ Karių laipsnių ženklai(литв.). kariuomene.kam.lt. Ministry of National Defence (Lithuania). 23 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 сентябри 2016.
- ↑ Order of the Chief of the General Staff: Number A / 595 (mn). gsmaf.gov.mn 20-26 (25 November 2019).
- ↑ Указ Президента Российской Федерации от 11 марта 2010 года № 293 "О военной форме одежды, знаках различия военнослужащих и ведомственных знаках отличия"(рус.). rg.ru. Российской газеты (12 March 2010).
- ↑ Označenie vojenských hodností príslušníkov Ozbrojených síl Slovenskej republiky od 1.1.2016(словакӣ). vhu.sk. Military History Institute.
- ↑ Čini in razredi(словен.). slovenskavojska.si. Slovenian Armed Forces.
- ↑ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЎҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ(тоҷ.). majmilli.tj. The National Assembly of the Republic of Tajikistan (13 April 2017).
- ↑ TÜRKMENISTANYŇ KANUNY Harby borçlulyk we harby gulluk hakynda (Türkmenistanyň Mejlisiniň Maglumatlary 2010 ý., № 3, 58-nji madda) (Türkmenistanyň 01.10.2011 ý. № 234-IV Kanuny esasynda girizilen üýtgetmeler we goşmaçalar bilen)(туркман.). milligosun.gov.tm 28-29. Ministry of Defense (Turkmenistan).
- ↑ НАКАЗ 20.11.2017 № 606(укр.). zakon.rada.gov.ua. Ministry of Justice of Ukraine (13 December 2017).
- ↑ O‘zbekiston Respublikasi fuqarolarining harbiy xizmatni o‘tash tartibi to‘g‘risida(ӯзб.). lex.uz. Ministry of Justice of the Republic of Uzbekistan (12 September 2019).