Нуриддин Салимов
Нуриддин Салимов | |
Таърихи таваллуд | 2 феврал 1940 |
Зодгоҳ | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2002 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Нуриддин Салимов (02.02.1940, ноҳияи Дарвоз — 2002, Душанбе) — файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1971), профессор (1993).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1965 факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1965—1968 аспирант, 1968—1984 муаллим, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи марксизм-ленинизми донишкадаи номбурда буд. Ҳамзамон солҳои 1977—1980 вазифаи муовини декани факултети математика оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсиро ба уҳда дошт. Солҳои 1984—1989 дар КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба сифати мушовири Хонаи маорифи сиёсии КМ Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1989—1990 директори филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар ш. Қурғонтеппа, 1990—1993 ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Н. Хусрав буд. Солҳои 1993—1995 профессор, 1995—2002 ба ҳайси мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев фаъолият намудааст. Ҳамзамон солҳои 1969—1995 воқеанигори сиёсии телевизион ва радиои тоҷик шуда кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои фалсафаи иҷтимоӣ, иҷтимоию сиёсии замони муосир, ваҳдати миллӣ ва ғайра дар бар гирифтаанд. Бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2000) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сохтори иҷтимоии Тоҷикистон, Д., 1975;
- Қувваи пешбарандаи ҷамъият, Д, 1983;
- 60-солагии ташкилёбии Тоҷикистон, Д., 1984;
- Баъзе проблемаҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ дар замони бозсозӣ, Д., 1991;
- Ваҳдат-якдилӣ, Д., 1997; Фалсафаи зиндагӣ, Д., 1997;
- Фалсафаи ваҳдати миллӣ, Д., 2000;
- Асосҳои фалсафа (Дастури таълимӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д.,1999.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 2 феврал
- Зодагони соли 1940
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Даргузаштагони соли 2002
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Кормандони шоистаи Тоҷикистон