Нусайрӣ Одинаев
Нусайрӣ Одинаев | |
Таърихи таваллуд | 13 март 1915 |
Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон Бухорои Шарқӣ Аморати Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1975 |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Шуғнон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | мусиқидон, овозхон |
Нусайрӣ Одинаев (13.03.1915, деҳаи Теми н. Шуғнони Бадахшон — 1975, ҳамон ҷо) — сароянда, оҳангсоз мутриби тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нусайрӣ Одинаев дар давраи мактабхонӣ дар маҳфилҳои ҳаваскорони созу суруд баромад мекард. С. 1934—1950 мутриби оркестри мусиқии Театри мусиқии шаҳри Хоруғ, 1950—1955 директори Хонаи маданияти Роштқалъа, 1956—1957 консертмейстери Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 1957—1960 директори Хонаи маданияти шаҳри Хоруғ, 1960—1971 роҳбари бадеии ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳи касбҳои техникии шаҳри Хоруғ, 1971—1980 муаллими дарси суруд ва мусиқии мактаби миёнаи № 15-и д. Тем. Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ. Одинаев ҳофиз ва мутриби мумтоз буда, бисёр созҳои мусиқиро (рубоб, танбӯр, сетор, ғижак, най, даф, лабчанг) устодона менавохт. Ҳамчунин оҳангсози боистеъдод буд («Ба партия», «Ба роҳбар», «Биё Зоҳид», «Гул бе рухи ёр», «Дил меравад» ва ғ. мисол шуда метавонанд). Репертуари ҳунарии Одинаев беш аз 300 суруду таронаҳои халқию классикиро дар бар мегирифт, ки дар байнашон таронаҳои халқӣ мавқеи хосе доштанд («Фалак», «Лалайик», «Гул-суманак», «Гул ба рӯят» ва ғайра). Иштирокчии намоиши Даҳаи санъати Бадахшони Советӣ дар Душанбе (1946). Ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сафари ҳунарӣ кардааст. Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 276—480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 март
- Зодагони соли 1915
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шуғнон
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони ноҳияи Шуғнон
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мутрибони Тоҷикистон
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳофизони халқии ҶШС Тоҷикистон