Олес Гончар
Олес Гончар | |
---|---|
укр. Олесь Гончар укр. Олександр Терентійович Гончар | |
![]() | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | укр. Олександр Терентійович Гончар |
Тахаллусҳо: | Олесь |
Таърихи таваллуд: | 3 апрел 1918[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 14 июл 1995[2][3] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, нависанда, мунтақиди адабӣ, сиёсатмадор, насрнавис, публитсист, шоир, нақд |
Солҳои эҷод: | аз 1946 |
Жанр: | румон, повест, қисса[d] ва Очерк (Қиссаи мустанад) |
Забони осор: | украинӣ |
Ҷоизаҳо: | |
![]() |
Оле́с Гонча́р (укр. Олесь Гончар), номи пурра — Александр Терентевич Гончар (укр. Олександр Терентійович Гончар; 3 апрел 1918[1][2][3], Lomivka[d] — 14 июл 1995[2][3], Киев) - нависандаи укроинӣ, академики АИ Украина (1978).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз хонаводаи кишоварз. Бо забонҳои русӣ ва украинӣ менавишт. Асарҳои нахустинаш соли 1938 ба табъ расидаанд. Дар ҶБВ (1941–45) ширкат дошт. Хатмкардаи Донишгоҳи Днепропетровск (1946). Асари сегонаи «Байрақбардорон» («Кӯҳҳои Алп», 1946; «Дунайи кабуд», 1947; «Прагаи тилоӣ», 1948; Мукофоти давлатии ИҶШС барои ду китоби аввал – 1948; барои китоби севвум – 1949; тарҷумаи тоҷикӣ – 1951), ки ҶБВ-ро дар меъёри расмии реализми сотсиалистӣ бозтоб мекард, ӯро маъруф сохт. Қаҳрамони аслии ин асар фарзанди Тоҷикистон полковник Самиев мебошад. Дар романҳои Г. («Инсон ва силоҳ», 1960, Мукофоти ба номи Т. Г. Шевченко, 1962; тарҷумаи тоҷикӣ – 1985; «Тронка» (1963, Мукофоти ба номи В. И. Ленин, 1964; дар тарҷумаи тоҷикӣ – «Қиссаи як муҳаббат», 1966) аз рӯзгори кишоварзони Украина, Инқилоби Октябр (дар Русия) ва зиндагии муосир сухан меравад. Ҳикояи ӯ «Партгоҳи сиёҳ» (1986) ба фоҷеаи Чернобил бахшида шудааст. Алайҳи осори Б. Л. Пастернак, А. И. Солженитсин, А. Д. Сахаров, ки бо сиёсатҳои шӯравӣ созгор набуданд, мақолаҳо навиштааст. Осори Г. ба забони бисёре аз мардуми ҷаҳон тарҷума шудаанд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978), дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1982), Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 6–10), раиси садорати ИН Украина, яке аз котибони садорати ИН ИҶШС (1959–71). Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Гончар Олесь // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Proleksis enciklopedija (хорв.) — 2009.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гончар Олес // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 3 апрел
- Зодагони соли 1918
- Даргузаштагони 14 июл
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони Украина
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо