Олуболу Боқиев
Олуболу Боқиев | |
Таърихи таваллуд | 25 май 1934 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯшон, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 5 феврал 1999 (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | шаҳри Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Самарқанд |
Ҷоизаҳо |
Олуболу Боқиев (25 майи 1934, деҳаи Хуфин, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 5 феврали 1999, Душанбе) — таърихдон, доктори илмҳои таърих (1991), профессор (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии омӯзгории Самарқанд (1955), Уиверситети давлатии Тоҷикистон (1961), аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург; 1969). Солҳои 1955—1956 муаллими мактаб дар ноҳияи Ғарм, 1961—1963 лаборанти калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963 муаллими калон, дотсент ва проф. факултаи таърих, 1980—1983 муовин ва иҷрокунандаи вазифаи декани факултаи таърих, чанд соли охир мудири кафедраи таърихнигорӣ ва бойгонишиносии ДМТ буд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 200 рисола, барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, ки муҳимтарини онҳо «Аҳволи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон дар таърихнигории тоинқилобии рус» (1976), «Таҳқиқоти таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон дар асарҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус» (1991); «Истило ва ҳамроҳкунии шимоли Тоҷикистон, Помир ва Кӯҳистони Бадахшон ба Русия» (1994) мебошанд.
Ордуну ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии мактаби олии ИҶШС», «Корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Олуболу / Қ. Расулиён // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Зодагони 25 май
- Зодагони соли 1934
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рӯшон
- Даргузаштагони 5 феврал
- Даргузаштагони соли 1999
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми таърих
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон