Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон
Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон — муассисаи давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 августи соли 2016 таъсис дода шудааст.[1]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳайати оркестрро 122 нафар (январи 2019) мусиқичӣ-сознавозон пурра сохта, 2 нафар дирижёр - Далер Тиллоев (сардирижёр), Алишер Солиев (дирижёр) ва 2 нафар инспектор роҳбарӣ мекунанд. Дар назди оркестр ансамбли камеравӣ иборат аз 18 нафар ва оркестри эстрадӣ-симфонӣ иборат аз 16 нафар мусиқичӣ амал мекунанд. Репертуари оркестр аз асарҳои композиторони муосир ғанӣ гардонида шудааст: Асарҳои композиторони тоҷик: Шарофиддин Сайфиддинов - «Валс» аз к/ф «Зумрад», Ю. Тер-Осипов, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов - «Достони симфонӣ»-и «Сегоҳ», Амирбек Мусоев - Сюитаи симфонии «Само», А. Одинаев - «Фалак» барои рубоб, думбура бо ҷӯршавии оркестри симфонӣ, З. Раҳимзод - «Манзараи симфонӣ» барои фортепиано бо оркестри симфонӣ ва як қатор сурудҳо дар барномаи оркестр дохиланд. Асарҳои композиторони классик: Ҷ. Верди - «Баллабиле» аз операи «Аида», А. Бородин - «Рақси қипчоқӣ» аз операи «Княз Игор», П. Чайковский - «Валс» аз балети «Кули қувон» ва ғ. репертуари оркестро ғанӣ сохтанд. Ҳамчунин оркестри эстрадӣ-симфонӣ ва ансамбли камеравӣ репертуари хоси худро доранд. Ансамбли камеравӣ ва оркестри эстрадӣ-симфонӣ дар консертҳои ҳукуматӣ мунтазам баромад мекунанд. Нахустин консерти «Оркестри давлатии симфонӣ» 12 ноябри соли 2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Россия бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар консерт 17 асару сурудҳои гуногунмазмун иҷро карда шуданд. Аз ҷумла, қисми 1-ми Симфонияи № 40»-и В. Мотсарт, қисми 1–ми Симфонияи №5-и Л. Бетховен, сарахбори операи «Кармен»-и Ж. Бизе, сюитаи симфонии «Само»-и Амирбеки Мусо, «Навои шарқӣ»-и Д. Тиллоев ва якқатор сурудҳо садо доданд. Дар ташаккули муассиса ҳамчун коргоҳи мустақил саҳми директор Олимҷон Солизода, муовинаш Зиё Олимӣ ва ду дирижёр - Далер Тиллоев, Алишер Солиев калон мебошад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.286. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)