Jump to content

Амирбеки Мӯсо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Амирбеки Мусо)
Амирбеки Мӯсо
Амирбек Мӯсоев
Номи пурра Мӯсоев Амирбек Қараевич
Таърихи таваллуд 7 январ 1961(1961-01-07) (63 сол)
Зодгоҳ Норак, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз, мутриб, дирижёр
musoev-amirbek.tj

Амирбеки Мӯсо (Мӯсоев Амирбек Қараевич; зод. 7 январи 1961, Норак) — оҳангсоз, навозанда, дирижёр, Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008), Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008). Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи «Борбад» (2005) ва Ҷоизаи Созмонони ҷавонони Тоҷикистон (1995), Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1990).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амирбек Мӯсоев — 7 январи 1961 дар шаҳри Норак ба дунё омадааст. Омузишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (таҳти роҳбарии Аъзам Солиев, 1980) Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (синфи Шарофиддин Сайфиддинов, 1985) ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (синфи Толиб Шаҳидӣ, 2010) хатм кардааст. Солҳои 1986—1993 навозанда (муддате дирижёр)-и оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993—1997 сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ. С. 1990 — аъзо, 1998—2003 котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб мегардад. Солҳои 2009—2012 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев. Дар як вақт аз соли 1986 омӯзгори калони кафедраи созҳои халқии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва аз соли 2003 омӯзгори калони кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов (соли 2012 — дотсент, аз соли 2017 и. в. профессор) ва аз соли 2018 декани факултаи иҷрокунандагии консерватория шуда фаъолият дорад. Ӯ ҳамчун омӯзгор дар тарбияи мутахассисон саҳмгузор аст. Ӯ шогирдонро аз сози ғижак таълим дода, 20 нафарро соҳибкасб намудааст, ки дар мактабу коллеҷҳои санъат ва ансамблу оркестри созҳои халқӣ фаъолият мекунанд.[1]

  • 1985 — «Увертюра» барои оркестри калони симфонӣ.
  • 1984 — Квартети торӣ.
  • 1987 — «Попуррӣ» ба сурудҳои халқї барои овоз ва оркестри созҳои халқӣ.
  • 1987 — «Хотирот», достон барои рубоб ва оркестри халқӣ, бахшида ба 100-солагии У. Хоҷибеков.
  • 1988 — Рапсодия барои оркестри торӣ ва зарбӣ.
  • 1991 — Консерт барои ғичҷак ва оркестри созҳои халқӣ.
  • 1997 — «Аз биҳишт то дўзах» достон-мақом барои овоз, уд, қонун, рубоби бас ва оркестр, шеъри Н.Нодирпур.
  • 1998 — «Соқиномаи Зафар» барои тор ва оркестри камеравӣ.
  • 1998 — «Суруши дил», достон барои тор, уд, қонун, литавр ва оркестри камеравӣ.
  • 2002 — Достон — мақом «Хами абрў», шеъри Ҳофиз, барои овоз ва оркестри камеравӣ.
  • 2002 — «Мақом-достон» барои скрипка ва оркестри камеравӣ.
  • 2002 — «Лолаи ту», силсилаи сурудҳо ба рубоиёти М.Иқбол.
  • 2002 — Силсилаи сурудҳо ба шеърҳои М.Ғоиб, Н.Қосим, Фарзона, Махзум.
  • 2004 — Консерти № 1 барои скрипка ва оркестри камеравӣ.
  • 2006 — «Ғазали Ватан», достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқӣ.
  • 2007 — «Ваҳдат», кантата, шеъри М.Ғоиб.
  • 2007 — «Модар-Ватан». Достон барои овоз, хор ва оркестри симфонӣ, шеъри Ф.Ашўр.
  • 2008 — «Афсонаи ҷангалӣ». Операи бачагона. Либреттои С.Умар.
  • Операи «Тантанаи вафодор» (2013),
  • Поэма-мақом барои скрипка оркестри камеравӣ,
  • Увертюра барои оркестри симфонӣ (2000),
  • Консерти № 1 барои скрипка ва оркестри камеравӣ (2003).
  • Кончерто гроссо № 2 барои скрипка ва оркестри камеравӣ (2010),
  • Кончерто гроссо № 1 барои фортепиано ва оркестри камеравӣ (2013),
  • Фантазия — поэма барои скрипка ва оркестр.
  • Квартет барои созҳои торӣ, сурудҳо, контатаҳо, асарҳои созию — овозӣ ва комеравӣ,
  • мусиқи барои кино ва спектаклҳо эҷод кардааст.
  • «Поэма — мақом» «Суруши дил» дар фестивали байналмилалии мусиқии симфони ва камеравӣ дар Тошканд (1998),
  • Суруди умумӣ «Тоҷикистон» дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён дар Санкт — Петербург (1999), садо додааст.[2]
  • Лауреати озмуни 1-уми минтақавии иҷрокунандагони созҳои халқии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ва Қафқоз ба номи У. Ҳоҷибеков (Боку, 1986) буд. дипломи Озмуни байналмилалии мусиқии эстрадӣ «Азия Дауси» (Алмаато, 1994, 1996, 1998), «Бобулистон» (Ироқ, 1970), дорандаи ҷоизаи Борбади Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2005), лауреати Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон (1995). Бо медали «Хидмати шоиста» (1998) ва Ордени Шараф (2021)[3] сарфароз гардидааст.[1]
  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 246—247. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
  2. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — с.109-111
  3. Sputnik Тоҷикистон. Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (18 августи 2021). 18 августи 2021 санҷида шуд.
  • Композиторы Таджикистана — Душанбе — 1987
  • Таджикская музыка для всех — Душанбе — 2003