Фаттоҳ Одина
Фаттоҳ Одина | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 22 июл 1938 |
| Зодгоҳ | Гузари Тор, Ноҳияи Темурмалик ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 2 январ 2010 (71 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Душанбе |
| Кишвар |
|
| Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев; 22 июли 1938, Гузари Тор, ноҳияи Совет — 2 январи 2010, Душанбе, Тоҷикистон) — оҳангсози тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон. Лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]
Фаттоҳ Одина (Абдуфаттоҳ Одинаев) 22 июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград хатм кардааст. Солҳои 1962—1964 муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, солҳои 1967—1971 муҳаррири коллегияи репертуарии Вазорати маданияти Тоҷикистон.[1] Дар солҳои 1971—1978 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон будааст. Аз соли 1974 омӯзгори калон (аз соли 1991 профессор)-и ва мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо бар дӯш доштааст. Аз соли 1998 то охири умр бознишаста буд.
Бо таъсисёбии Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003) профессори фахрии мактаби олӣ интихоб гардид. Ҳамчун аъзои шӯрои олимони Консерватория дар ҳаёти он фаъолона ширкат варзидааст.[1]
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба саҳна гузошта шудааст. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд.
Фаттоҳ Одина беш аз 150 суруд эҷод кардааст, ки сарояндагони машҳур Аҳмад Зоҳир, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Нуқра Раҳматова, Майсара Дилдорова, Маҳбуба Боҳирова, Зоҳир Ҳувайдо, Сурайё Қосимова, Тоҷиддин Муҳиддин ва дигарон сурудҳои ӯро иҷро намудаанд. Фаттоҳ Одина ба чандин филм низ мусиқӣ навиштааст.
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ватанро месароям»,
- «Иқболи баланд»,
- «Бақои дӯстӣ»,
- «Ману дарё»,
- «Тоҷикистон»,
- «Арӯси 18-сола»,
- «Аспи саманд»,
- «Маъвои Роғун»,
- «Сеторӣ»
- «Садбарги сафед»,
- «Гули ночида»,
- «Аскарбача».
Оҳанг барои филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Хиёнат»,
- «Қасос»,
- «Хатти парвоз»,
- «Ашк ва шамшер»,
- «Сандуқ барои арӯс»,
- «Вохӯрӣ дар дараи марг».
Оҳанг барои намоишномаҳои театрӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Рустам ва Суҳроб»,
- «Шоҳ Лир»,
- «Роҳзанҳо»,
- «Кабки қафас» ва ғ.
Асарҳои камеравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Фалак»,
- «Лолаи ёлаҳо»,
- «Ироқи дарвозӣ».
Офаридаҳои симфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Увертюраи ҷавонӣ»,
- «Дар Помир»,
- «Ҳисори ман»,
- «Мавригӣ»,
- «Падарамро набаред» ва ғ.
Ҷоизаву унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон;
- Лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров;
- Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаттоҳ Одина 2 январи соли 2010 дар 72-солагӣ даргузашт[2].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Молодёжная увертюра» для симфонического оркестра. М., 1968;
- Ҳусни Ватан. Суруду романсҳо. Д., 1989;
- Ману Лоиқ, Д., 2004;
- Парасту. Опера. Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 274—275. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- ↑ Фаттоҳ Одина даргузашт. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ФАТТОҲ ОДИНА ДАРГУЗАШТ(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj. 21 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2021.
- "Ояндасоз-мюзик": Охирин оҳанги Фаттоҳ Одина. Радиои Озодӣ. 21 июли 2017 санҷида шуд.
- BBC Тоҷикӣ - Ахбор - Офарандаи оҳанги “Духтари сеторӣ” даргузашт(тоҷ.). 21 июли 2017 санҷида шуд.
- Зодагони 22 июл
- Зодагони соли 1938
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ноҳияи Темурмалик
- Даргузаштагони 2 январ
- Даргузаштагони соли 2010
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Оҳангсозони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Аъзои Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Омӯзгорони Консерватрияи миллии Тоҷикистон