Jump to content

Осиёи Шимолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Осиёи Шимолӣ

Осиёи Шимолӣ зерқисмати Авруосиё буда, аз қаламрави осиёии Русия иборат аст (дар давраи мавҷудияти империяи Русия ва СССР, бе Осиёи Марказӣ). Дар Русияи муосир, ин тақрибан тамоми Урал, тамоми Сибир ва тамоми ноҳияҳои федералии Шарқи дур.

Қаламрави минтақа аз кӯҳҳои Урал то Уқёнуси Ором ва аз уқёнуси Арктика то сарҳади ҷануби Русия тӯл мекашад. Қариб дар тамоми қаламрав ҷангал ҷойгир шудааст.

Калонтарин дарёҳо: Об, Енисей, Лена, Иртиш, Амур мебошанд.

Бузургтарин кӯлҳо: Байкал, Tаймир, Ханка, Убсу*Нур, Чани.

Бузургтарин шаҳрҳо: Новосибирск, Омск, Красноярск, Барнаул, Иркутск, Тюмен, Хабаровск, Новокузнетск, Кемерово, Томск, Владивосток, Екатеринбург, Челябинск, Магнитогорск, Нижний Тагил, Курган, Нижневартовск, Сургут, Улан-Удэ, Якутск.

Аксарияти аҳолӣ русҳо мебошанд. Инчунин: укроинҳо, сибирҳо, олтойиҳо, тоторҳо, якутҳо, бурятҳо, ненетсҳо, бошқирдҳо, тува, қазоқҳо, узбекҳо, қирғизҳо, тоҷикон, молдаванҳо, белорусҳо, олмониҳо, хакасҳо, шортсҳо, хантиҳо, мансиҳо, корякҳо, эвенҳо, эвенкиҳо, долганҳо, йукагирҳо, ителменҳо, чукотҳо, яҳудиён, доғистониҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, гурҷиҳо, хитойиҳо, кореягиҳо, вйетҳо ва диг. миллатҳо зиндагӣ мекунанд.

  • «Осиёи Шимолӣ» — истилоҳотест, ки дар сачашмаҳои инглисии ҷуғрофӣ соли 1882 пайдо шудааст. [1].
  • «Осиёи Шимолӣ» — як маҷаллаи илмӣ-иҷтимоӣ аст, ки дар солҳои 1920 дар ИҶШС ба табъ расидааст, як нашрияи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии Кумитаи марказии ҲКИШ (б)).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Сибир
  • Шарқи дур
  1. Bridges E. M." Northern Asia // World Geomorphology. Cambridge University Press, 1990. pp. 124—126.