Jump to content

Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Душанбе, 2013 год.

Осорхонаи миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод — осорхона ба номи рассоми ( миниотюранигор)-и номдори асримиёнагӣ, Камолиддин Беҳзод гузошта шуда буд.

12 августи соли 1934 бо қарори Комисариати халқии Тоҷикистон (ҳукумат) аввалин Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд. Соли 1959 осорхона ба Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи К. Беҳзод дар заминаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд. 27 ноябри соли 1999 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи К. Беҳзод ба Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод тағйири номгузорӣ намудааст. Бинои Осорхонаи ба номи К. Беҳзод дар хиёбони Айнӣ назди майдони ба номи Садриддин Айнӣ ш Душанбе ҷойгир шуда буд. Осорхона то соли 2013 ҳамчун осорхонаи ҷумҳуриявии кишвар барои тамошобинон ва меҳмонони хориҷӣ хидмат мерасонид. Баъд аз ба истифода супоридани бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон. Осорхонаи ба номи К. Беҳзод фаъолияти хешро ба охир расонидааст. Бо фармоиши Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Хазинаи осорхона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1934 осорхона дорои 530 экспонат буд ва минбаъд дар хазинаи осорхона зиёда аз 50000 экспонат ҷамъ оварда шудааст.

Барҳам гардидани осорхона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2013 баъд аз таъсис ёфтани осорхонаи нав - Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод барҳам дода шуда хазинаи экспонатҳои он ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузашт.