Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Отабеки Ғойиб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Отабеки Ғойиб
Отабеки Ғойиб
Таваллуд ноҳияи Ваҳдат
табаият  Тоҷикистон
Навъи фаъолият рӯзноманигор, нависанда
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Отабеки Ғойибрӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Отабеки Ғойиб 24 марти соли 1959 дар деҳаи Сафедҷари ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. 12-уми октябри соли 2022 дар синни 63 солагӣ вафот кардааст. Солҳои 1966-1976 дар мактаби миёнаи №14 ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил кардааст. Соли 1978 дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтаи Душанбе ба кор пардохтааст. Баъди як сол донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуда, соли 1986 анҷом додааст. Сипас дар рӯзномаи «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») ба кор пардохта, фаъолияташро моҳи апрели соли 1993 дар бахши ӯзбекии Идораи барномаҳои иттилоотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом додааст. Аз моҳи июли соли 1995 шореҳи идораи барномаҳои иттилоотии телевизион, ҳамзамон, аз моҳи июни соли 2007, муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии шабакаи «Овози тоҷик» мебошад.Аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Қиссаву ҳикоя менависад. Офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Изтироб» (қисса, 1998), «Як каф дуъо» (2001), «Бозгашти шутурҳои сафед» (2010), «Марги соли чӯпон» (2011) ва ғ. интишор ёфтаанд.

«Бозгашти шутурҳои сафед…» яке аз китобҳои эҷодкардаи шодравон Отабек Ғойибов ба шумор меравад. Қаҳрамони  асосии «Бозгашти шутурҳои сафед…» худи рӯзноманигор аст, ки ҳаётро аз асли хеш меҷӯяд, ба деҳаи худ меҳр дорад, вале барои ҳифзи ҷони чанд оилаи дигар  роҳ меҷӯяд, роҳ меёбад ва ба мақсади худ мерасад. Рӯзноманигор дар ин китоб бо қиссаҳои худ  ҳолатҳои равонии  қаҳрамононашро  хеле возеҳ тасвир  кардааст.  «Бозгашти шутурҳои сафед…» умед, қисса ва рамз буда, дар хоб дидани шутури сафед фоли нек аст.[1]

Китоби «Бозгашти шутурҳои сафед…»  маҷмӯаи навбатии рӯзноманигор Отабек Ғойибов буда,  дар он қиссаи ҳамноми китоб-«Бозгашти шутурҳои сафед…», инчунин повестҳои  «Изтироб», «Кумушбибӣ», ҳикояҳои тозаэҷод –«Кӯрнамак» ва «Шикорчӣ» гирд оварда шудааст.

  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон».[2]
  1. «БОЗГАШТИ ШУТУРҲОИ САФЕД…». Таҳти ин унвон китоби рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ба табъ расид — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 10 июни 2025 санҷида шуд.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.77 ISBN 978-99947-2-379-9