Оқсукон
Макон | |
---|---|
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Суғд |
Оқсукон — кӯл дар ноҳияи Ашти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар соҳили рости дарёи Сир дар доманаи кӯҳи Қизилқар воқеъ аст. Масоҳаташ 8,8 км², дарозияш 5 км, бараш то 2,5 км, чуқуриаш қариб 1м аст. Баҳорон кӯл аз обҳои барфу борон пур мешавад, тобистон обаш дар натиҷаи бухоршавии зиёд хушк мешавад. Лое, ки дар зери намак ҷамъ шудааст, шифобахш аст. Соли 1951 дар назди кӯл табобатхона кушода шуд. Аз лойи Оқсукон шифохонаи Хуҷанд, Хоҷаобигарм, Обигарм, Тошканд, Фарғона, Чорбоғ истифода мебаранд.[1] Оқсукон ягона кӯли шифобахши серистеъмол дар Тоҷикистон буда, байни нишебиҳои пасткӯҳҳои Суффатоғ, Оқбел, Қизилҷар ва Шумтоғ дар баландии 450 м аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ аст. Он аз маркази ноҳияи Ашт – Шайдон дар фосилаи 22 км, обанбори Қайроққум 15 км ва аз шаҳри Хуҷанд 82 км ҷойгир мебошад. Оқсукон аз ғарб ба шарқ 13 км тӯл кашида, паҳниаш 0,5-2 км, умқаш 0,7 м ва майдони сатҳаш ба 8,8 километри мураббаъ мерасад. Соҳили ҷанубии кӯл байзашакл, шимолиаш аз халиҷҳои хурду нимҷазираҳо иборат аст.[2]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 127. — 470 с. (тоҷ.)
- ↑ ОҚСУКОН САРВАТИ БЕҲАМТОИ ТАБИИСТ
- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Баландӣ аз сатҳи баҳр
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳат
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳати обанбор
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Дарозӣ
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Бар
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Ҳаҷм
- Ҷуғрофиё
- Ҷуғрофияи Тоҷикистон
- Кӯлҳои вилояти Суғд
- Мавзеъҳои табии Тоҷикистон