Jump to content

Париён (кӯл)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Пайрон (кӯл))
Пайрон
тоҷ. Париён
Морфометрия
Андозаҳо700 × 250 км
Масоҳат0,14 км²
Чуқурии калонтарин18,6 м
Обшиносӣ
Навъи маъданнокӣҲидрокарбонатӣ 
Ҳавз
Дарёи обгирПайрон
Макон
38°52′29″ с. ш. 68°24′38″ в. д.HGЯO
Кишвар
МинтақаНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Париён — кӯлест дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ҳудуди ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар болооби дарёи Қаратоғ, дар баландии 2123 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Кӯл дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои яке аз шохаҳои чапи дарёи Қаратоғ ба вуҷуд омадааст. Дарозии кӯл 712 м, бараш то 225 м, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 10,8 м, ҷойи аз ҳама чуқуриаш 18,6 м [дар назди Сарбанд], масоҳати кӯл 0,016 км² , ҳаҷмаш 173 ҳазор м3 мебошад. Оби кӯл аз қабат ва болои сарбанд ҷорист. Атрофи кӯл хушманзар буда, истироҳатгоҳи сайёҳон аст.[1]

  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 124. — 470 с.(тоҷ.)