Эрони Бузург
Эрони Бузург (форсӣ: ایران بزرگ, англ. Greater Iran), Эронзамин (форсӣ: ایرانزمین) — дарбаргирандаи Эрони кунунӣ, бахши бузурге аз Қафқоз, Афғонистон ва Осиёи Миёна дарбаргирандаи Тоҷикистону Узбакистони кунунӣ, Миёндурӯд ва Хоразму манотиқи ҷанубии дарёчаи Хоразм (Арал) то каронаҳои дарёи Коспӣ (Каспий), Покистону Кашмир, кӯҳҳои Ҳиндукуш ва манотиқи ховарии Чини кунунӣ ва низ каронаҳову обхостҳои ҷанубии шохоби Порс ва дар бохтар дарбаргирандаи ҳамаи минтақаҳои Миёндуруд, Курдистони Бузург ва бахши шарқии Туркияи имрӯзӣ ва Онотулӣ аст. Ба эроншиносии садаи XIX омезиши истилоҳоти " Эрони Бузург " ва танҳо " Эрон " мувофиқ аст[1] .
Мафҳуми «Эрони Бузург»
[вироиш | вироиши манбаъ]Мафҳуми «Эрони Бузург» сирф фарҳангӣ ва таърихӣ аст ва ба ягон давлатдориҳои сиёсии муосир мувофиқат намекунад. Қаламрави ҷуғрофию таърихии «Эрони Бузург» аз асри III-и мелодӣ (ниг. Шоҳаншоҳии Сосонӣ) ташакул ёфтан гирифт ҳамзамон бо тавсеаи васеи фарҳангии шоҳаншоҳии (империяи) Сосониён. Ҳангоме ки форсҳо нуфузи худро дар минтақа паҳн карданд, шумораи бештари мардум ба давлати онҳо ҳамроҳ гардиданд ва истилоҳи «Эрон» -ро онҳо барои муайян кардани як қудрати афзояндаи сермиллат истифода бурданд, ки баъдан чандин мавҷи заволи сиёсӣ ва ахлоқиро аз сар гузарондаст[2] . Пас аз соли 1935, вақте ки давлати форсҳо расман «Эрон» номгузорӣ шуд, фарқи истилоҳии байни «Эрон» ва «Эрони Бузург» дар пажӯҳишҳои таҳқиқоти таърихӣ ва таърихи Эрону мамолики Шарқи бостонӣ, ҳамчун мавҳуми илмӣ рӯи кор омад.
Минтақаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хуросони калон
- Сиистон
- Йазд
- Кирмон
- Исфаҳон
- Форс
- Рей
- Ҳамадон
- Озарбойҷон
- Курдистон
- Зазастан (Кишвари Заза)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Н. В. Ханыков: Экспедиция в Хорасан, М., Наука, 1973.
- ↑ Карл Риттер: Иран, часть I, перевод и дополнение Н. В. Ханыкова, СПб, 1874.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ethnic Identity in Iran» by Richard Nelson Frye, JSAI 26, 2002, see p.82 [1]
- Columbia College Today on «Iranian Cultural Continent»