Қурбон Расулов
Қурбон Расулович Расулов | |
Таърихи таваллуд | 19 январ 1947 |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ |
Таърихи даргузашт | 9 октябр 2007 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа, сиёсатшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои сиёсатшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо | «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) |
Қурбон Расулов — файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1990), профессор (1991), собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1995 – 2005).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соли 1969 — факултети биологияи ДДТ ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
- 1970–1972 — муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,
- 1972–1975 — аспиранти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976–1985 муаллим, дотсенти кафедраи коммунизми илмии ДДТ ба номи В.И. Ленин,
- 1985–1993 — мудири кафедраи коммунизми илмӣ, баъдан фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ,
- 1987–1990 — ходими калони илмии Институти фалсафаи Академияи илмҳои ИҶШС,
- 1993–1995 — сармушовир ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муносибат бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муносибати миллатҳо буд.
- 1995 – 2005 ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Дар давраи фаъолияташ вазъи таълимгоҳро ба эътидол оварда, устодонро ба кор ҷалб кард. 8 факулта ва 10 кафедраи нав кушода шуд, филиали донишгоҳ дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба коллеҷ табдил ёфт ва 14 доктору 19 номзади илм рисолаҳои номзадии худро дар давраи роҳбарии ӯ ҳимоя карданд. Бо ташаббуси мавсуф соли 1996 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон таъсис дода шуд.[1]
- Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, аз 17 марти соли 2005 буд.
Қурбон Расулов 9 октябри соли 2007 пас аз маризии дароз аз дунё даргузашт.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 4 рисолаи илмӣ, 7 китоби илмию оммавӣ ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи асосии таълифотҳои ӯро масъалаҳои экологӣ ва глобалии ҷаҳони муосир, шароитҳои таърихӣ ва омилҳои асосии ба даст овардани истиқлоли миллӣ ташкил медиҳанд. Ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Солҳои 1998–2007 вазифаи раиси Шӯрои дифои диссертатсионии илми сиёсиро, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият мекард, ба уҳда дошт.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷанбаҳои иҷтимоии проблемаҳои экологӣ (бо забони русӣ), Д., 1989;
- Социальные аспекты экологических проблем, Д., 1989;
- Экология ва замони мо (бо забони русӣ), Д., 1999;
- Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ-илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ, Д., 1999;
- Экология и современность, Д., 1999;
- Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон, Д., 2000;
- Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлоли Тоҷикистон, Д., 2001;
- Асосҳои фалсафа, Д., 2004;
- Асосҳои фалсафа, Д., 2005.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
- Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 19 январ
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Восеъ
- Даргузаштагони 9 октябр
- Даргузаштагони соли 2007
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми сиёсатшиносӣ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон