Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Раънои Мубориз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раънои Мубориз
Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна
Таваллуд ноҳияи Шуғнон
Навъи фаъолият шоир, рӯзноманигор

Раънои Муборизрӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993) аст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раънои Мубориз (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадов, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории донишкадаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди ин рӯзнома ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шуъбаи ИНТ дар ВМКБ ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» буд. Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъйин шуд. Чанд сол сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» низ буд. Ҳамакнун мудири шуъба дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аст. Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Аз солҳои донишҷӯӣ ба шеърнависӣ пардохта, намунаҳои ашъораш дар маҷмуъаҳои дастҷамъӣ ва ҷудогонаи «Гаҳвораи сангин» (1992), «Навои найсон», (2004), «Садбарги кӯҳӣ», (2005), «Мусоҳиби офтоб» (2010) ва «Лаъли Бадахшон» (2015) чоп шудаанд. Намунаҳое аз чакидаҳои хомаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, чинӣ, узбакӣ ва инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013);
  • Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
  • Медали «Хидмати шоиста».[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.136 ISBN 978-99947-2-379-9