Раҷив Гандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Раҷив Гандӣ
ҳиндӣ: राजीव गाँधी[1]
ҳиндӣ: राजीव रत्ना गाँधी[1]
Rajiv Gandhi (1987).jpg
Таваллуд 20 август 1944(1944-08-20)[2][3][4][…]
Даргузашт 21 май 1991(1991-05-21)[2][3][4][…] (46 сол)
Мадфан
Ҷинс Nehru–Gandhi family[d]
Падар Фирӯз Гандӣ[d][5]
Модар Индира Гандӣ[5]
Ҳамсар Соня Гандӣ[5]
Фарзандон Rahul Gandhi[d][5] ва Priyanka Vadra[d][5]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Ҳиндуия[5]
Соядаст RajivGandhi Signature.jpg
Ҷоизаҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Раҷив Ратна Гандӣ (ҳиндӣ: राजीव गाँधी, 20 августи 1944, Мумбай, Бритониёи Ҳиндустон — 21 майи 1991), — арбоби давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон, Сарвазири Ҳиндустон (1984—1989).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

20 августи соли 1944 дар оилаи Индира Гандӣ ва Фируз Гандӣ таваллуд шудааст. Раҷив дар хонаи бобоаш, яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон, нахустин сарвазири Ҳиндустони соҳибистиқлол Ҷавоҳирлаъл Неҳру тарбия ёфта буд. Ӯ дар як мактаби бонуфузи Ҳиндустон, баъд дар Донишгоҳи Лондон ва дар Коллеҷи Тринитӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ таҳсил кардааст. Моҳи январи соли 1968 Раҷив ва Соня Майно (итолиёвӣ) дар Деҳлӣ издивоҷ карданд. Моҳи июни соли 1970 писари онҳо Раҳул ва дар моҳи январи соли 1972 духтарашон Приянка ба дунё омаданд. Пас аз бозгашт ба Ҳиндустон дар солҳои 1968-1980, ӯ ҳамчун халабон ва сипас ба ҳайси фармондеҳи экипажи ҳавопаймо дар "Indian Airways" кор кардааст [7].

Фаъолияти сиёсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

31 октябри соли 1984 Индира Гандиро муҳофизони худаш куштанд. Бегоҳии ҳамон руз Раҷив Гандии 40-сола сарвазири Хиндустон интихоб шуд. Баъдтар Гандӣ раиси ҳизби ҳукмрони Конгресси миллии Ҳиндустон (INC) интихоб шуд ва дар як вақт вазири корҳои хориҷй (то соли 1988) буд. Раҷив маҷбур шуд, ки барои барқарор намудани тартибот ба ёрии артиш муроҷиат кунад. Дар интихоботи умумихалқии таъиншуда дар моҳи декабри соли 1984 - январи соли 1985 Конгресси миллии Ҳиндустон ба 80% курсиҳои палатаи поёнӣ соҳиб шуд, ва ғолиб омад. Ҳукумати Гандӣ барои паст кардани шиддати вазъияти Панҷоб ва давлатҳои ҳамсояи он як қатор тадбирҳои муросокор андешид. Раҷив бисёр маҳдудиятҳои воридоти молро ба Ҳиндустон бекор карда, сармоягузории хориҷиро ташвиқ намуд, ки ин барои боз ҳам рушд намудани иқтисодиёти мамлакат ёрй расонд.

Соли 1987 ӯ маҷбур шуд, ки ба шимоли Шри-Ланка барои саркӯб кардани ҷудоиталабони тамилӣ нирӯҳо фиристад, мубориза бо гурӯҳҳои мусулмон дар Кашмирро пурзӯр кард.

Раҷив Гандӣ 21 майи соли 1991 дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дар натиҷаи ҳамлаи террористии як маргталаб аз созмони террористии «Бабрҳои озодкунандаи Тамил Илом» дар наздикии шаҳри Сриперумпудур, дар наздикии Мадраси иёлот Тамил Наду кушта шуд.[8].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]