Ҷавоҳирлаъл Неҳру
Ҷавоҳирлаъл Неҳру | |
ҳиндӣ: जवाहरलाल नेहरू[1] | |
![]() | |
Таваллуд |
14 ноябр 1889[2][3][…] |
---|---|
Даргузашт |
27 май 1964[5][2][…] (74 сол) |
Мадфан | |
Ҷинс | |
Падар | |
Ҳамсар | |
Фарзандон | |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Ҷавоҳирлаъл Неҳру (ҳиндӣ: जवाहरलाल नेहरू Javāharlāl Nehrū; маъруф ба Пандит (Олим) Неҳру) (14 ноябри 1889, Аллоҳобод, Ҳиндустони Бритониё, — 27 майи 1964, Ню-Дели) — яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон.
Зиндагинома[вироиш]
Аз оилаи адвокат. Солҳои 1905—1912 дар мактаби асилзодагон ва Донишгоҳи Кембриҷи Англия таҳсил карда, бо ғояҳои миллатпарастии ҳинду шинос шуд. Соли 1912 ба ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон (КМҲ) дохил шуд. Солҳои 1920—1930, 1936—1937, 1946 ва 1951—1954 раиси КМҲ буд. Ҳаммаслак ва ҳамкори наздики Маҳатма Гандӣ. Ташаббускори бисёр ҳуҷҷатҳои КМҲ мебошад. Соли 1921 барои тарғиботи сиёсии зиддибритонияш аввалин бор ҳабс шуд.
10 соли умраш дар маҳбас гузаштааст. Соли 1946 ба ҳайати Ҳукумати муваққатӣ дохил шуд, солҳои 1947—1950 сарвазир ва вазири корҳои хориҷии доминион ва аз соли 1950 ҳамин вазифаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба зимма дошт. Барои барҳам задани қафомонии иқтисодии мамлакат, ки оқибати тобеияти бисёрсолаи мустамликавӣ буд, басо заҳмат кашид. Тарафдори сиёсати ҳамзистии осоишта ва ҳамроҳ нашудан ба муоҳидаҳои ҳарбӣ буд. Яке аз ташаббускорони даъвати Конфронсҳои мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Деҳлӣ (1947) ва Бандунг (1955) буд, ки он панҷ принсипи ҳамзистии осоиштаро пешниҳод кардааст. Тарафдори мустаҳкамшавии дӯстии Ҳиндустон ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Чанд маротиба ба Иттифоқи Советӣ сафар кардааст. Ба В. И. Ленин эътиқоди зиёде дошт ва ӯро «устоди афкор ва доҳии револютсия» меномид Муаллифи асарҳоест доир ба таърихи Ҳиндустон, эҳёи миллии он ва оид ба масъалаҳои байналхалқӣ.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Jawaharlal Nehru // журнал
- ↑ 2.0 2.1 идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ Encyclopædia Britannica
- ↑ SNAC — 2010.
- ↑ 5.0 5.1 Неру Джавахарлал // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.aveleyman.com/OnThisDay.aspx?OTDMonth=11&OTDDay=14&OTDYear=1968
- ↑ http://www.encyclopedia.com/topic/Chou_En-lai.aspx
- ↑ http://www.tandfonline.com/doi/abs/10.1080/17487870701440598
- ↑ https://news.google.com/newspapers?id=AAk0AAAAIBAJ&sjid=TesFAAAAIBAJ&pg=797,1488998&dq=nehru+assassination&hl=en
- ↑ 10.00 10.01 10.02 10.03 10.04 10.05 10.06 10.07 10.08 10.09 10.10 10.11 10.12 10.13 Jawaharlal Nehru
- ↑ 11.0 11.1 https://nehrufamily.wordpress.com/
- ↑ 12.0 12.1 12.2 12.3 12.4 12.5 12.6 12.7 Jawaharlal nehru
Сарчашма[вироиш]
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.