Jump to content

Ҷавоҳирлаъл Неҳру

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷавоҳирлаъл Нерӯ)
Ҷавоҳирлаъл Неҳру
ҳиндӣ: जवाहरलाल नेहरू[1]
15 августи 1947 — 27 майи 1964
Подшоҳ Ҷорҷи VI (то 26 январи соли 1950 года)
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Гулзорилол Нанда (и. в.)
Лаъл Баҳодур Шастрӣ
15 август 1947 — 27 майи 1964
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Гулзорилол Нанда (и. в.)
Лаъл Баҳодур Шастрӣ

Таваллуд 14 ноябр 1889(1889-11-14)[2][3][4][…]
Даргузашт 27 май 1964(1964-05-27)[5][2][6][…] (74 сол)
Мадфан
Дудмон Nehru–Gandhi family[d][10]
Падар Motilal Nehru[d][10]
Модар Swarup Rani Nehru[d][11]
Ҳамсар Камола Неҳру[d][10]
Фарзандон Индира Гандӣ[12][13][14][…]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият илмҳои табиъӣ
Эътиқод Ҳиндуия[10]
Соядаст
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷавоҳирлаъл Неҳру (ҳиндӣ: जवाहरलाल नेहरू Javāharlāl Nehrū; маъруф ба Пандит (Олим) Неҳру) (14 ноябри 1889, Аллоҳобод, Ҳиндустони Бритониё, — 27 майи 1964, Ню-Дели) — яке аз саромадони ҳаракати миллии озодихоҳӣ, арбоби сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи адвокат. Солҳои 1905—1912 дар мактаби асилзодагон ва Донишгоҳи Кембриҷи Англия таҳсил карда, бо ғояҳои миллатпарастии ҳинду шинос шуд. Соли 1912 ба ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон (КМҲ) дохил шуд. Солҳои 1920—1930, 1936—1937, 1946 ва 1951—1954 раиси КМҲ буд. Ҳаммаслак ва ҳамкори наздики Маҳатма Гандӣ. Ташаббускори бисёр ҳуҷҷатҳои КМҲ мебошад. Соли 1921 барои тарғиботи сиёсии зиддибритонияш аввалин бор ҳабс шуд.

10 соли умраш дар маҳбас гузаштааст. Соли 1946 ба ҳайати Ҳукумати муваққатӣ дохил шуд, солҳои 1947—1950 сарвазир ва вазири корҳои хориҷии доминион ва аз соли 1950 ҳамин вазифаҳои ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба зимма дошт. Барои барҳам задани қафомонии иқтисодии мамлакат, ки оқибати тобеияти бисёрсолаи мустамликавӣ буд, басо заҳмат кашид. Тарафдори сиёсати ҳамзистии осоишта ва ҳамроҳ нашудан ба муоҳидаҳои ҳарбӣ буд. Яке аз ташаббускорони даъвати Конфронсҳои мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Деҳлӣ (1947) ва Бандунг (1955) буд, ки он панҷ принсипи ҳамзистии осоиштаро пешниҳод кардааст. Та­рафдори мустаҳкамшавии дӯстии Ҳиндустон ва Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Чанд маротиба ба Иттифоқи Советӣ сафар кар­дааст. Ба В. И. Ленин эътиқоди зиёде дошт ва ӯро «устоди афкор ва доҳии револютсия» меномид Муаллифи асарҳоест доир ба таърихи Ҳиндустон, эҳёи миллии он ва оид ба масъалаҳои байналхалқӣ.


Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]