Jump to content

Лаъл Баҳодур Шастрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лаъл Баҳодур Шастрӣ
ҳиндӣ: लालबहादुर शास्त्री
9 июн 1964 — 18 июл 1964
Пешгузашта Гулзорилол Нанда
Ҷонишин Swaran Singh[d]
4 апрел 1961 — 29 август 1963
Пешгузашта Govind Ballabh Pant[d]
Ҷонишин Гулзорилол Нанда
9 июн 1964 — 11 январ 1966
Пешгузашта Гулзорилол Нанда
Ҷонишин Гулзорилол Нанда

Таваллуд 2 октябр 1904(1904-10-02)[1][2][3][…]
Даргузашт 11 январ 1966(1966-01-11)[2][3][4][…] (61 сол)
Мадфан
Ҳамсар Lalita Shastri[d]
Фарзандон Suman Shastri[d], Sunil Shastri[d] ва Ashok Shastri[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод Ҳиндуия
Ҷоизаҳо
Bharat Ratna
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лаъл Баҳодур Шастрӣ (2 октябр 1904[1][2][3][…], Pandit Deen Dayal Upadhyaya Nagar[d], Роҷи Бритониё11 январ 1966[2][3][4][…], Тошканд[4]) — дуввумин сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон ва раҳбари Конгресси миллии Ҳиндустон буд.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди эълон шудани истиқлолияти Ҳиндустон Баҳодур Шастрӣ дар зодгоҳаш дар иёлати Уттар-Прадеш котиби парлумон, баъд вазири пулис таъин шуд. Дар соли 1951 ӯро котиби генералии Комитети умумиҳиндустонии конгресс таъин карданд. Вай бевосита барои интихоби номзадҳо ва ба роҳбарияти кори таблиғотӣ ва интихоботӣ масъул буд. Вай дар муваффақияти боварибахши Конгресси Миллии Ҳинд дар интихоботи умумихалқӣ дар Хиндустон дар солҳои 1952, 1957 ва 1962 нақши босазо бозид. Дар ибтидои солҳои 1950-ум ӯро Ҷавоҳирлаъл Неҳру ба ҳукумати Ҳиндустон даъват кард. Дар солҳои 1952—1964 Баҳодур Шастрӣ, ҳамчун яке аз вазирони ҳукумати Ҷавоҳирлаъл Неҳру дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Сарвазир Неҳру 27 майи соли 1964 даргузашт ва мубориза барои қудрат дар ҳизби Конгресси Миллии Ҳинд оғоз шуд. Шастри мисли Неҳру, ки ба ғояҳои сотсиалистӣ содиқ шуда буд, барои қаноти чапи КМҲ мувофиқ буд ва аз пурзур шудани рақиби ӯ аз қаноти марказ-ростҳои Морарҷи Десаӣ тарсида, 9 июни соли 1964 Шастриро сарвазир тасдиқ карданд. Вай ҳамчун сардори Ҳукумати Ҳиндустон кушиш мекард, ки дар сиёсати дохилй ба тағйироти ногаҳонӣ роҳ надихад, ҳамеша ба созиш кушиш мекард. Вай сиёсати иқтисодии сотсиалистии Неҳруро бо нақшакашии марказӣ давом дод. Соли 1965 ҷанги дуюми Ҳинду Покистон cap шуд. Амалиёти асосии ҷанг дар Кашмир ва Панҷоб ба амал омад. Ҳарчанд покистониҳо тавонистанд, ки ба қаламрави Ҳиндустон дар Панҷоб ворид шаванд, нерӯҳои ҳиндӣ дар Кашмир муваффақ шуданд ва низ ба сӯи Лоҳур тирандозӣ карданд. Сарвазир Баҳодур Шастрӣ дар давоми ҷанги Ҳинду-Покистон, ба як қаҳрамони миллӣ мубаддал гашт. Шиори ӯ «Ҷай Ҷаван Ҷай Кисан» ё «Салом бар сарбоз ва сулҳ бар деҳқон» дар солҳои ҷанги соли 1965 хеле маъмул гашта буд ва то имрӯз дар ёд аст.[5]

Дар охири соли 1965 амалиётҳои низомӣ хотима ёфт. Моҳи январи соли 1966 дар Тошканд бо миёнаравии ИҶШС гуфтушуниди Ҳинду Покистон cap шуд. 10 январи соли 1966 Декларатсияи Тошканд ба имзо расид, ки ба ҷанг хотима дод. Рӯзи дигар 11 январи соли 1966 Шастрӣ аз сактаи дил вафот кард.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 filmportal.de — 2005.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Шастри Лал Бахадур // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. |http://pib.nic.in/release/release.asp?relid=9089