Ричард Френсис Бёртон
Ричард Френсис Бёртон | |
|---|---|
| | |
| Таваллуд |
19 март 1821[1][2][3][…] |
| Даргузашт |
20 октябр 1890[1][2][3][…] (69 сол) |
| Шаҳрвандӣ (табаият) | |
| Навъи фаъолият | тарҷумон, гардишгар, нависанда, шоир, диплумот, ходими низомӣ, мардумшинос, забоншинос, нақшанигор, муаррих, ҷонваршинос, ҷосус, инсоншинос, мусофир, табиатшинос, гирдоварандаи гиёҳ |
| Жанр | сафарнома |
| Забони осор | инглисӣ[1][5] |
| Ҷоизаҳо | |
| Соядаст |
|
Ричард Фрэнсис Бёртон (англ. Richard Francis Burton; 19 март 1821, Торки — 20 октябри 1890, Триест) — сайёҳи англис, шарқшинос, нависанда, тарҷумон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1842-50 дар хидмати ҳарбӣ дар Ҳиндустон буд. Соли 1853 аз Қоҳира дар либоси зоирон ба Маккаву Мадина сафар кард. Яке аз нахустин аврупоист, ки ба шаҳри барои мусулмонон муқаддаси Ҳабашистон — Ҳарира расид. Дар ҷустуҷӯи саргаҳи дарёи Нили Сафед аз соҳилҳои давлати Сомали ба умқи Ҳабашистон ворид шуд, вале ноком баргашт. Дар сафари дигараш (с. 1858) беш аз 1000 км роҳро тай карда ба лаби кӯли Танганика омад ва барғалат онро саргаҳи Нили Сафед донист. 45 забонро медонист. Тамоми тарҷумаҳояш ба англисӣ аз адабиёти ҷаҳон 30 ҷилдро ташкил медиҳанд, ки дар байни онҳо «Ҳазору як шаб» низ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 3.0 3.1 Brodie F. M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Oxford Dictionary of National Biography (ингл.) / C. Matthew, D. Cannadine — Oxford: OUP, 2004.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бёртон Ричард Френсис // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони 19 март
- Зодагони соли 1821
- Зодагони Англия
- Даргузаштагони 20 октябр
- Даргузаштагони соли 1890
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Инглистон